Атласу адрас – рамзи дӯстиву сулҳ
- Details
- Published on Monday, 31 October 2016 14:16
Субҳи истиқлол дар давлати биҳиштосои мо, ки муддате ба қаъри фано наздик шуда буд, рухи худ боз кард. Бо баробари ба сол бузург гардиданаш макони мо зебо шуда истодаасту дари коргоҳҳои хурду калон, сехҳои ҳунармандиву кашидадӯзӣ ба рӯи мардумаш боз шуда, нафарони бешуморро ба оғӯшаш гирифтаву соҳибкасбу соҳибкор намуда истодааст.
Вақте ба ин қасри бошаҳомати навбунёд – Кохи фарҳанги Суғдиён ворид гардидам, бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки дар бисту панҷ соли Истиқлолият мо ба бисёр дастовардҳо ноил шудем. Аслан гирем, зебу ороиши хонадони миллати тоҷик аз қадимулайём асосан аз сӯзаниву кашидадӯзиҳо иборат буданд, ҳамчунин хонаи наварӯс дучанд аз он ҳам дилработар ва сару либосаш низ ҳаваси духтараконро меовард. Саҳнаи дар рӯзи фестивал оростаи Кохи фарҳанг низ чунин буд. Чун вориди Кохи фарҳанги Суғдиён шудем, зебогии он, шаҳомати он ҳар нафарро ба ҳайрат меовард ва ҳамаи инро аз оромии замон, тинҷии даврон ва аз доман паҳн кардани биступанҷумин солгарди Истиқлолият донистем.
Вақте кӯдакон, наврасон, духтаракон ва бонувони либоси атласу адраси зебо ба барро дар Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд – 2016” бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, олимону донишмандони дохиливу хориҷӣ - меҳмонони Конференсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ”, занону бонувони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят, ки 29 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги Суғдиён баргузор гардид, дидан намудем, бори дигар аз таърихи атласу адрас, аз асотири қадимтарини миллати тоҷик будани он ва аз атласҳои садрангаи он - рамзи дӯстиву сулҳофар буданаш ёдовар мегардиданд. Чунин маҳфили ҷаззоб масали «агар мушкилоти Шумо дар зиндагӣ ба бузургӣ ба андозаи як киштие аст, фаромӯш накунед, ки имкониятҳоятон ба андозаи як уқёнус аст»-ро ба хотирам овард, зеро гулдухтарони тоҷик либоси миллии қадима, рӯзмарра, идона ва кӯдакону наврасони ҷомаву куртаҳои омехтаи милливу аврупоӣ ба бар дили ҳар бинандаро ба фараҳ меовард ва ба тавоноӣ, маҳорату касбомӯзии бонувон офарин мехондед. ҳамин таассуроти дилнишинро аз меҳмонон – адибоне, ки аз давлатҳои ИМА, ҳиндустону Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, ӯзбекистон ва вилоятҳои Бадахшону Хатлон ба бузургдошти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда буданд, хондан мумкин буд. ҳамчунин ба эҳтироми меҳмонони аз дуру бар омада, аз суруду таронаҳои эшон ёдовар гашта, духтаракони атласу адрас ба бар арғун рафтанд ва аҳли толор ононро бо қарсакзаниҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ва баланд бардоштани либоси миллӣ, густариши истеҳсолу васеъ истифода бурдани матоъҳои рангобаранги атласу адрас ва рушду соҳаи саноати сабук нигаронида шуда буд.
Аз рӯи хулосаи ҳайати ҳакамони чорабинии мазкур дар бахши “Беҳтарин либоси миллии қадима” ҷойи аввал насиби Барно Шехсаидова, ҷои дуюм ба Зиёда Муҳаммадиева, ҷои сеюм ба Мавлуда Бобоева, дар бахши “Беҳтарин либоси идона” ҷои аввал ба Мубина Содиқова, ҷои дуюм ба Ганҷинаи Шӯҳрат, ҷои сеюм ба Сабоҳат Ҷӯраева, дар бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра” се ҷойи аввал ба Зайнура Қодирова, Нилуфар Қурбонова ва Дилафрӯз Каримова, дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” Оиша Сатторова (ҷои якум), Махфират Деҳқонова (ҷои дуюм) ва Нигора Бобоҷонова (ҷои сеюм) ва дар бахши “Беҳтарин либоси кӯдакона” Орзугул Бердиева, Зарина Бобокалонова ва Саодат Сулаймонова ғолиб дониста шуданд. Ғолибони ҷойи аввал бо Диплом ва 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо Диплом ва 2,5 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо Диплом ва 2 ҳазор сомонӣ маблағ мукофотонида шуданд. ҳамчунин сарварони донишгоҳҳои олии вилоят, ки дар фестивал фаъол буданд, соҳиби мукофот гардиданд.
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2016” насиби бонуи ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд Каромат Ашӯрматова шуд ва ӯ бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”