Абдураҳмон Қодирӣ – Раиси вилояти Суғд: Камоли Хуҷандӣ нобиғаи ҷаҳонист!...

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Конференсияи бошукўҳи «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ», ки 28 октябри соли равон дар толори асосии Қасри маданияти Арбоб ба кори худ шурўъ кард, иштирок ва суханронӣ намуд. Абдураҳмон Қодирӣ баргузории ин ҳамоиши илмии байналмилалиро аз тадбирҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар татбиқи дастури Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки соли 2020 баргузор хоҳад гашт, арзёбӣ намуд.

Боиси зикр аст, ки дар конференсияи мазкур олимону донишмандони шинохта, камолшиносони шаҳир аз кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон иштирок намуданд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар суханронии пурмўҳтавои хеш кулли меҳмонон ва иштирокчиёни конференсияро ба вилояти Суғд, ба зодгоҳи шоири бузург Шайх Камоли Хуҷандӣ хайрамақдам гуфта, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари хирадманди давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад ва аз ҷумла зикр дошт, ки Пешвои миллати тоҷикон фарҳанги худшиносии миллиро омили асосии ҳастии миллат муаррифӣ намудаанд.

Бо тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият ҷашнҳои бузурги  илмиву фарҳангӣ, ба монанди 1100 - солагии Давлати Сомониён, 1000- солагии «Шоҳнома», 1150-солагии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 800 -солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт пайваста кўшиш намуда, фазои мувофиқеро барои аҳли илму адаб фароҳам овардааст. Ҳар сол дар қаламрави вилоят даҳҳо маҳфилу конфронсҳои илмиву фарҳангӣ барпо гардида, садҳо китобу рисолаҳо ба нашр мерасанд.

Ба чоп расидани “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, “Девон”-и Фарзона, “Девон”-и Шайдои Хуҷандӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Тазкираи шуарои Хуҷанд”-и Абдулманнони Насриддин, “Мунтахаби девон”-и Шўхии Хуҷандӣ, “Девон”-и Хаёлии Бухороӣ, “Шавоҳид-ун-нубувват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо асари арзишманди дигар, ки аксар бори аввал ба хонандагони тоҷик пешниҳод гардидаанд ва бо сифати оливу дараҷаи баланди илмӣ ба дастархони маънавии ҷомеа гузошта шудаанд, баёнгари ин ҳақиқат мебошад, - гуфт дар суханронии хеш Абдураҳмон Қодирӣ. 

Раиси вилоят изҳор дошт, ки нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва яке аз чунин нобиғагони миллат Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дорад ва, бешак, шахсияти ҷаҳонӣ мебошад. Сухани баланди Хоҷа Камол дар рўзгори худи ў кайҳо оламгир шуда буд. Он гуна, ки аз забони шаккарини Хоҷа омада:

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрўз ҷуз ин сухан сухан нест.

Ҳамин манзалати олии ў сабаб гардид, то бузургтарин суханварон шахсияташ биситоянд ва азаматашро эътироф бикунанд. Аз ҷумла, вақте ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ шеъри ўро шунид, гуфт: «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ».

Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳашрии Табрезӣ ва гурўҳе аз донишмандони дигар ўро ягонаи рўзгор хондаанд ва каломашро оламгир ёд кардаанд. Бештар аз дусад нусхаи дастнависи девони ў, ғайр аз кишвари мо, дар китобхонаҳои Русия, Олмон, Австрия, Канада, Туркия, Эрон, Ҳинду Покис-тон, Ўзбекистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар мавҷуд аст ва гурўҳе муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи рўзгору ашъори ў таваҷҷўҳ зоҳир намудаанд, ки инҳо низ ҳама аз мақоми ҷаҳонии ў дарак медиҳанд.

Ин ҳама бузургӣ тақозо менамуд, то ворисони Камол дар назди рўҳи бузурги ў қарзи худро адо созанд ва аз ў ба таври хеле шоиста қадршиносӣ намоянд.

Ба ҳамин сабаб аз ҷониби Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қадршиносии бузургони миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангсозии Роҳбари давлат қарор дорад, дастур гардид, то дар соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шавад ва оид ба пешниҳоди санадҳои зарурӣ ба Кумитаи оид ба илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат корҳои муҳимро ба нақша гирифт ва онҳо марҳала ба марҳала анҷом ёфта истодаанд. Дар ин раванд яке аз иқдомоти хоса эҳёи Қалъаи таърихии Хуҷанд мебошад, ки дар фурсатҳои наздик амалӣ хоҳад гашт.

Равшан аст, ки бо амри тақдир Камоли Хуҷандӣ дар Табрез аз олам гузашт ва он ҷо ба хок супорида шуд. Зиёрати оромгоҳи ў барои тамоми ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб муште хок аз қабри Камол ба зодгоҳаш оварда шуд ва ин иқдоми муборак намоёнгари бозгашти маънавии ў ба Ватани хеш мебошад. Барои ин хок оромгоҳи намодин ба сурати хеле мўҳташам бино ёфт ва он хок дар Наврўзи байналмилалии соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Дар паҳлўи он муҷассамаи барқади Камоли Хуҷандӣ, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ў дар зодгоҳаш аст, қомат афрохт.

Имрўз ин маҷмаа зиёратгоҳи иродатмандони Шайх Камол гардидааст. Мавриди зикр аст, ки ин маҷмааро давоми соли равон беш аз 170 ҳазор нафар, аз ҷумла аз хориҷи кишвар зиёрат намуданд ва он дар қаламрави кишвар ба ҷоизаи беҳтарин Боғи фарҳангӣ сазовор гардид.

Ба ҳама маълум аст, ки солҳо инҷониб ҷои хонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳаш холӣ буд. Аммо имрўз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби хонасозии қадимаи тоҷикон – бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардид ва ба диданитарин ҷои меҳмонон ва сайёҳон мубаддал шуд.

Дар ин ҳавлӣ тадрисгоҳи Хоҷа Камол низ ҷой дода шуд, ки имрўз бо дастхатҳои бисёр нодири худ дар байни махзанҳои нусхаҳои хаттии ҷаҳон аз эътибори баланд бархурдор аст.

Ҳамчунин, дар ин самт Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шуд ва имрўз олимони маркази номбурда ба омўзиш ва муаррифии ҳамаҷонибаи рўзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ машғул мебошанд.

Дар маҷлиси ифтитоҳии конференсияи «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» раиси Донишгоҳи Ориёи Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Иброҳим Ҳикмат, раиси бахши забонҳои ховари Донишгоҳи Канали Суеси давлати Миср, профессор Рифъат  Абдуллоҳ Сулаймон Ҳусайн, доктори забон ва адаби форсӣ аз Покистон Ориф Навшоҳӣ, профессори Донишгоҳи Анқараи давлати Туркия Саъдудин Куҷотурк, профессори Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос аз  Ўбекистон Шоҳниёз Мўсоев, шарқшинос аз Ҳиндустон А.Ашрафхон, устоди Донишгоҳи Табрез Боқири Садриниё ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо суханҳои нобу равон аз боби рўзгору осори пурҳикмат ва гаронмояи ғазалсарои машҳур Камоли Хуҷандӣ андешаронӣ намуданд.

Баъд аз маҷлиси ифтитоҳӣ кори конференсия дар бахшҳои «Камоли Хуҷандӣ ва масоили адабиётшиносӣ» ва «Камоли Хуҷандӣ: равобити адабӣ, забоншиносӣ ва худшиносии миллӣ» идома ёфт.

Воқеан ҳам конференсияи мазкур дар тарғиби ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, дурахшонии афзунтари илму маърифат ва густариши равобити маънавӣ таъсири амиқ гузошта, саҳифаи тозаеро дар ростои камолшиносӣ боз хоҳад намуд.

Мухтори Абдулло,
хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh