Нигоришгари ҳаёти зиёиёни тоҷик

Дар маҳфили силсилавии навбатӣ, ки дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид, ба муаррифии асарҳои тозанашри муаррих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Усмонҷон Ғаффоров «Сотим Улуғзода» ва «Султон Умаров» таҳти унвони «Китобҳо доир ба бузургони илму адаб» бахшида шуд.

Маҳфилро сарвари китобхона Баҳром Мирсаидов ҳусни оғоз бахшид. Директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», профессор Фахриддин Насриддинов, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҳайдар Саидов, дотсентон Нуралӣ Нурзод ва Субҳони Аъзамзод оид ба мўҳтаво ва мундариҷаи асарҳои навбатии У. Ғаффоров «Сотим Улуғзода» ва «Султон Умаров» фикру ақоиди хешро иброз доштанд. Эшон мўҳтавои рисолаи «Сотим Улуғзода» -ро «ойинаи тамомнамои рўзгору осори устоди насри муосири тоҷик» номида, хотираҳои хешро оид ба ҳаёт ва фаъолияти номварони миллат Султон Умаров ва Султон Умаров ёдовар гашта, хизмати У. Ғаффровро дар бахши сарнавишти бузургон чун нигоришгари ҳаёти зиёиёни тоҷик ёдовар гаштанд.

Дар музокира нависандагон Атахон Сайфуллоев ва Муҳиддин Хоҷазод ва Раиси Шўрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода дар бораи асарҳои баррасишуда фикру ақида ва пешниҳоди хешро баён карданд.

Дар анҷоми маҳфил У. Ғаффоров чанд нусха асарҳои хешро ба китобхонаи мазкур инъом намуд.

Т. ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh