Ҳунармандон аз Лондон баргаштанд

Кормандони ҷавони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова шаҳри Конибодом Фестивали кушоди осиёимиёнагии ҳунарии «Орзу», ки дар шаҳри Лондони шоҳигарии Британияи Кабир баргузор гардид, ширкат варзиданд. 

Пас аз бозгашт дар толори театри мазкур бо чор нафар ҳунармандони хушсалиқа сарвари театр Ғайратҷон Қодиров, саркоргардон Муҳиддини Музаффар, ҳунарманди ҷавон Фарҳод Тӯхташев ва Юнусалӣ Эргашев мулоқот доир гардид. Онро мудири бахши фарҳанги шаҳр Б.Ҷабборӣ ҳусни оғоз бахшид. Пасон ҳунармандон таассуроти худро аз баргузории Фестивали байналмилалӣ ва кишвари Британия баён доштанд.

Дар фестивали кушоди осиёимиёнагии «Орзу» ки аз 5 то 19 октябри соли равон дар ду давр-намоиши синамо ва намоши театрӣ баргузор гардид, барои «Беҳтарин нақши мардона» саркоргардони театр Муҳиддини Музаффар дар иҷрои нақши Шоҳ Лир ба гирифтани ҷоиза ва диплом, ҳунарманди ҷавон Фарҳод Тӯхташев дар бахши «Беҳтарин нақши саҳнавӣ» дар иҷрои нақши ҳамлет ба гирифтани диплом сазовор гардида, иштирокчии фахрии фестивал ҳисобида шуд. Театри шаҳр дар бахши «Беҳтарин намоишнома» бо намоишномаи «Суди девонагон», ки аз рӯи асарҳои Виллям Шекспир - «Шоҳ Лир» ва «ҳамлет» ба саҳна гузошта шуд, ба гирифтани ҷоиза ва диплом лоиқ дониста шуд. Инчунин, соли оянда моҳи август ин ҳунармандон бо ин намоишнома дар фестивали шаҳри Иденбурги давлати Шотландия ва моҳи октябр дар шаҳри Деҳлии нави ҳиндустон ширкат меварзанд.  Бар замми ин ба якчанд фестивалҳои давлатҳои дунё даъват шудаанд.

Дар ҷараёни мулоқот коргардони театр, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев сухан ронда қайд кард, ки ҳунармандони ҷавон ворисони ҳақиқии Тӯҳфа Фозиловаю Комил Ёрматов хоҳанд шуд.

Дар фарҷом шаҳрдор Ғайбулло Боҳирӣ ҳунармандонро бо ин дастоварди ҳунарӣ сидқан шодбош гуфт ва комёбиҳои тоза таманно кард. Дар вазъияти тантанавӣ ба раиси шаҳр барои дастгириву пуштибонии пайвастаи кормандони театр Раҳматномаи Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорида шуд.

Алиҷон МАҲМУДОВ,
Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh