Суғд: Конференсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” баргузор мешавад

Санаҳои 25-30 октябри соли равон бо дастгирии роҳбарияти вилоят конференсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” баргузор мегардад. Дар доираи конференсияи мазкур, ки бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ доир мешавад, баргузории сӯҳбату мулоқотҳо бо аҳли адаб дар назар аст. Иштирокдорон – меҳмонони конференсия ҳамчунин аз ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, аз ҷумла оромгоҳ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Конференсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” санаи 28 октябр оғоз ва санаи 29 октябр ҷамъбаст мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh