"Коса” ва “Суди девонагон” нахустин ҷоизаашонро дар қораи Аврупо ба даст оварданд

Филми “Коса”- и “Суғдсинамо” ва “Суди девонагон”- и Театри давлатии Конибодом дар нахустин фестивали Open Central Asia Internetional Arts, ки санаҳои 5-9 ва 16-19 - уми октябр баргузор шуд, соҳиби ҷоизаҳо гаштанд.

Дилошуб Орифзода, корманди Суғдсинамо мегуяд, дар нахустин фестивали ORZU ARTS, ки дар шаҳри Лондон аз санаи 5 октябр то санаи 20- ум идома ёфт, филми “Коса”- и “Суғдсинамо” ҷоизаи “Коргардони беҳтарин”-ро соҳиб гашт. Ин бисёр хурсандиовар аст, ки нахустин филми “Суғдсинамо” дар Аврупо низ соҳиби ҷоиза мегардад.

Бояд гуфт фестивали мазкур пас аз он ки намоиши филмҳоро ба анҷом расонд, боз аз як чанд кишвар намоишномаҳои театриро даъват карда буд. Тоҷикистонро дар ин фестивал Театри давлатии шаҳри Конибодом бо намоишномаи “Суди девонагон” муаррифӣ кард. Боиси хурсандист, ки дар бахши намоиши театрҳо низ ҳунармандони мо соҳиби ҷоиза шуданд. Муҳидини Музаффар ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро ба даст овард.

Намоишномаи мазкур аз руи ду асари Шекспир “Шоҳ Лир” ва “Шоҳзода Ҳамлет” дар коргардонии Авлиёқулӣ Хӯҷақулӣ омода шудааст. Дар намоиши мазкур шоҳ Лирро

Муҳиддини Музаффар, шоҳзода Ҳамлетро Фарҳод Ғаффорпур ва ширинкорро Ғайрати Қодир офаридаанд. Рӯзҳои наздик ҷоизаро ба Тоҷикистон меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh