Оши палав ва фарҳанги оиладорӣ

Хушрўзгории тоҷикон аз фарҳанги оиладорӣ дарак медиҳад. Дар Хуҷанди зебоманзар, ки маркази маъмурии вилояти Суғд аст, аз давраҳои қадим оши палав ҳамчун таоми миллӣ эътироф гаштааст. Тоҷикон дар мавриди қабул ва гусели меҳмонон низ оши палав мепазанд ва бо ёру дўстон тановул мекунанд. Дар ҳар хонадони тоҷик ҳар узви оила оши палавро пухта метавонад.

Тоҷикон пухтани оши палавро аз гузаштагони худ омўхтаанду он ҳамчун таоми миллии мо то ба имрўз хуштаъму болаззат омадааст. Меҳмонро тоҷикон атои Парвардигор меноманд. Гиромидошти меҳмон яке аз бахшҳои фарҳанги оиладорӣ ва асолати миллии тоҷикон мебошад.

Дар баробари тарғиби таомҳои миллии тоҷикон ба маданияти хўрдани таом, тарзи дурусти пухтани палав ва тановули он низ аҳамият додан зарур аст, ки инро бузургсолон ба ҷавонон талқин менамоянд.

Дар фестивал-озмунҳои минбаъда маслиҳати табибонро оид ба меъёри хўрдани оши палав истифода кардан хуб аст. Зеро пизишкон мардумро барои бурдани тарзи ҳаёти солим ҳидоят мекунанд.

Оши палав файзи дастархон ва баракати ризқи тоҷикон аст. Тоҷикон меҳмоннавозу меҳрубон, поксиришту зебосурат, хушодобу меҳнатқарин ҳастанд.

Тоҷикон дилу нияти пок доранд. Оилаи худро бо луқмаи ҳалол таъмин мекунанд. Кўдаке, ки бо луқмаи ҳалол ба воя мерасад, покдилу покниҳод, ҳалолкору солеҳ камол меёбад. Тоҷикон ин нуктаро хуб медонанд, аз ин рў покаслу фариштахислат ҳастанд.

Аксарияти тоҷикон баробари фарзандони бисёр оилаи худро дўст медоранд, дар гирди як дастархон нишаста, хўрок тановул мекунанд, якдигарро интизор мешаванд, то ҳама ҷамъ нашаванд, хўрок намехўранд. Баракати Худо, нури муҳаббати Ҷонофарин дар чунин хонадону дастархон аст. Оши палавро низ тоҷикон дар миёнаи дастархон гузошта, ҳама баробар тановул мекунанд. Дар он хонадоне, ки ҳама дар гирди як дастархон хўрок мехўранд, меҳрубонӣ ва дўстӣ, якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо аст, зеро узви оила аз мушкилот, саломатӣ, рўҳияи ҳамдигар огоҳ шуда, ба якдигар зуд кўмак мерасонанд.

Дар мавриди бунёди оила ба хонае, ки духтари қадрас дорад, писардорон ба хостгорӣ мераванд.

Духтардорон хостгорҳоро хуш қабул ва гусел мекунанд. Сипас, аз ҳамсоя ва наздикони онҳо аҳли оила, хешу табори домодшавандаро мепурсанд. Бунёди оилаи тоҷик аз оши палав сарчашма мегирад. Бигузор, оши палави тоҷикон оши оиладорӣ, якдигарфаҳмӣ, ваҳдату сулҳи оламиён гардад.

Ватандўстӣ, фарҳанги оиладорӣ, сулҳофаринӣ, хирадмандиву дўстии тоҷикон намунаи ибрати мардуми ҷаҳон бошад.

Марҳабо ИСЛОМЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагон ва
журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh