Қадршиносии заҳмати рўзноманигор

Бо қарори Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар қатори чанд нафар қаламкаши ҷумҳурӣ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқадори соҳа Абдулмаҷиди Бобоҷониён низ барои силсилаи мақолаҳо дар мавзўи нигаҳдошти арзишҳои маънавӣ соҳиби Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид. Мо, аҳли эҷоди рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» устодро бо ин мукофоти олӣ муборакбод намуда, дар кори эҷодии минбаъдааш он барору комёбӣ хоҳонем.

Абдулмаҷиди Бобоҷониён пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз соли аз нав эҳёгардии рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» - соли 1971 ба кор оғоз карда, то ба зинаи котиби масъул ва мудири шўъба сарбаландона фаъолият бурдааст.

Ў солҳои тўлонӣ вазифаи пурмасъул - раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилоят, сардабири на-хустин нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд – «Тирози ҷаҳон», ҳафтаворҳои мустақили «Суғд» ва «Суғдиён», инчунин наш-рияи донишгоҳро низ бар зимма дошт.

Рўзноманигори шинохта Абдулмаҷиди Бобоҷониён ҳамчун қаламкаш то ҳол дар рушду нумўи вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят кўшиш ба харҷ медиҳад.

Мо, кулли рўзноманигорон, бори дигар устодро бо ин мукофоти арзанда муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки  қаламашон саршори илҳом ва муҳаббат нисбат ба Ватан ва ватандорӣ бошад.

Аҳли эҷоди
рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh