Кохи дилафрӯз

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳангии «Суғдиён» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ошёнаи якум толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм қисмати шўъбаи ақди никоҳ ва асноди шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз шўъбаи ақди никоҳ ва асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд иборат мебошад. Дар ин ҷо беш аз 20 утоқи корӣ ва дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар дар як вақт, толори қабули меҳмонон бунёд ёфтааст.

Ҳошимзода Муқаддама Дадоҷонӣ - сардори шўъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иброз дошт, ки 13-уми сентябри соли 2016-ум барои кулли кормандони мақомоти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят рўзи фаромўшнашаванда аст, зеро дар ин рўз дар Хуҷанди бостонӣ хонаи ақди никоҳ, шўъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Раёсати ҳолати шаҳрвандии вилоят дари худро барои мардуми вилоят боз намуд. Аз ин пеш хонаҳою утоқҳои хонаи ақди никоҳи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Хуҷанд кор мекарданд, вале дараҷаи дурусти рўшноӣ надоштанд ва толорҳою ҳуҷраҳои корӣ танг буданд. Гузаштан аз ҳамин майдони Абўабдуллоҳ Рўдакӣ то расидан ба шўъба ва муроҷиатҳои шаҳрвандон имконияти васеъро фароҳам меоварад. Вазифаи асосии мо, кормандони Мақомоти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, сари вақт ба қайд гирифтани амалиёти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои ба вуқўъомадаи ҳаёти инсонӣ аст.  Соли гузашта 1700 нафар навхонадор аз қайди давлатӣ гузашта буданд. Имрўз ин толори барҳаво метавонад барои сокинони шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд дар рўзи хурсандиашон хизмат намояд. Аз Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сипосгузорем, ки моро дастгирӣ намуда, ба бўҳрони иқтисодӣ нигоҳ накарда, маблағҳои заруриро барои сохтмони ин бино ва барои иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи рушди мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои солҳои 2014-2019-ум ва нақшаи амаликунии ин Барнома, ки солҳои 2014-2015 ба имзо расида буд, заминаи мус-таҳкам гузоштанд. Дар шўъбаи вилоятӣ зиёда аз 20 ҳазор ҳуҷҷати бойгонӣ маҳфуз аст, дар толори барҳаво шароити кори мо боз беҳтар гардид.

Хуршедахон ХОҶАЕВА – сардориСАҲШ - и шаҳри Хуҷанд: - Хурсандии кормандони хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ҳадду канор надорад, зеро дар рўзҳои ҷашни фархундаи миллат - 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар ҳузури Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиби бинои нави барҳаво гардидем. Дар рўзи тантанаи кушодашавии бино аз шаҳри Хуҷанд навхонадорон Раҳим Хуршедзода ва Нигина Раҳимзода, Муҳаммадҷон Мўъминзода ва Парвина Фарҳодзода, Баҳром Илҳомзода ва Азиза Абдуқодирзода, Муродҷон Мухторзод ва Муинахон Аскарзодаро ақди никоҳ бастанд ва бевосита тўҳфаю шаҳодатномаи ақди никоҳро аз дасти Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карданд. Биное, ки мо дар он то ҳамин давра фаъолият доштем, барои ақди никоҳи навхонадорон на он қадар мусоид буд. Миннатдории хеш ва кулли кормандони хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷандро ба Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мерасонем, ки чунин шароити мусоиди замонавӣ барои мо фароҳам гардид. Мо имрўз бо утоқи корию таҷҳизоти замонавӣ ва бо шароити хуб ҳар субҳу шом дар хизмати халқ ҳастем ва дар рўзи хурсандии шаҳрвандон ҳамшарикем. Моро зарур аст, ки бештар дар рўзҳои хурсандии мардуми сарзамини Тоҷикистон хизмат намоем.

Муқаддама Шамсиева, модари Мўъминзода Муҳаммадҷон: - Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва кормандони хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд буд, ки имрўз фарзанди ман дар рўзи хонадоршавиаш аз дасти Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи ақди никоҳро гирифт, ки дар таърихи ҳаёти фарзандам рўзи беҳтарин аст. Писарам дар рўзи ақди никоҳаш бепадариашро ҳис накард, зеро падари миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рўзи хурсандиаш шарик гашта, фотеҳаи падаронаи хешро доданд, ки барои аҳли оилаи мо хурсандии бепоён аст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh