Мақоми аввали нашриёти «Ношир» дар намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”

Нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар рўзҳои баргузории намоишгоҳи байналмилалии Душанбе барои нашри ду китоб – “Девони Фарзонаи Хуҷандӣ” дар  бахши «Беҳтарин мазмун ва бадеият» соҳиби мақоми аввал ва бо нашри Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкират-у-шуаро» мақоми савумро ишғол намуд. 

Ёдовар бояд шуд, ки маросими  тақдими ҷоизаҳо дар маросими поёнии Намоишгоҳи шашуми байналмиллалии «Китоби Душанбе» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардид. Ҳамчунин, дар бахши «Беҳтарин ороиш, сифат ва банду баст» нашриёт ва китобҳои зерин, мутаносибан се мақоми аввалро соҳиб гаштаанд: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», “Ганҷ” бо «Китоби Сурхи Тоҷикистон» «Адиб» бо китоби «Шеърборон».

Асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва “Унсурулмаолии Кайковус дар бораи хирад”-и Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, дар бахши “Беҳтарин китоби илмӣ”-и Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ҷойи аввал ва сеюмро сазовор шудаанд. 
Дар ин бахш китоби Салими Хатлонӣ «Бенавое дар навои най» мақоми дувумро гирифтааст. Ҳамчунин дар ин бахш нашриёти “Ирфон” барои чопи асари Эмомалӣ Раҳмон, нашриёти «Истеъдод» барои чопи китоби С. Хатлонӣ ва нашриёти “Ганҷ” барои нашри асари С. Ятимов мутаносибан ҷойҳои 1,2 ва 3-ро соҳиб шудаанд.

Add comment


Security code
Refresh