Расму оину арзишҳои миллии тоҷикон

Маҳорати сулҳоваринии мардуми куҳанбунёду хирадманд – тоҷикон, аллакай  мардуми оламро мафтун кардааст. Тоҷикистон худ ҷаннати рўи дунё, макони биҳиштосо буда, мардуми меҳмоннавозу меҳнатқарин ва табиати нодиру нотакрор ва зебоманзар дорад.

ҳадафи мардуми тоҷик Тоҷикистонро ба кишвари шукуфону обод ва пешрафтаву замонавӣ табдил додан аст.

Мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, имрўз низ сўи созандагиву бунёдкорӣ равонанд.

Асоси пешравиҳои мардуми тоҷик дар он аст, ки онҳо  пеш аз ҳама расму оин ва арзишҳои миллии худро арҷ мегузоранд. Анъана, расму оинҳои миллӣ, ки ақлу заковат, хиради азалӣ, фарҳангпарвариву инсондўстии мардуми моро иъикос мекунад, тоҷику тоҷикистониёнро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. ҳар як шахси хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф меорад, аввалан аз тамошои либосҳои миллии  мо мафтун мегардад. Сониян, бештари онҳо тасдиқ менамоянд, ки расму оин ва меҳмоннавозии мардуми мо аз қадимулайём таваҷҷўҳи дигар халқҳои ҷаҳонро ба худ кашида, манзалати миллати моро баланд мебардорад. Ҷашнҳои умумибашарӣ, ки таърихи бисёрасра доранд, аз кишвари мо сарчашма гирифтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон дорои таъриху фарҳанг ва маданияти бойи қадима мебошанд. Либоси тоҷикон дар қатори беҳтарин либосҳои олам аст. Куртаи чакан, атласу адрас, шоҳиву кремпилин ва матоъҳои пурҷилои пахтагин аз қабили онҳост, ки чеварони чирадаст ва моҳири тоҷик барои мо аз онҳо либосҳои шинаму зебо медӯзанд.

Тақлидкорӣ ба расму одатҳои ба мардуми бегона арзишҳои миллии моро коста мегардонад. Аз ин рӯ мо расму оин ва арзишҳои миллии худро бояд эҳтиёт намоем. Зеро ҳар як қадам сӯи одатҳои ба мардуми мо хоснабуда моро аз асли хеш дур месозад.

Имрӯз ҷаҳониён тоҷиконро бо Пешвои соҳибфарҳангаш Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон, Парчами оламгираш ва халқи хушзеҳну хирадманд, хушодобу хушсуханаш мешиносанду эҳтиром мекунанд. Аммо дар ҷомеа одамоне низ ҳастанд, ки обрӯю шарафи тоҷиконро паст мекунанд. Ҷавононеро дидаам, ки риши худро то сандуқи сина карда, шортҳои хориҷӣ пӯшида, нимурён бозӣ ва гаштугузор мекарданд. Чунин чеҳраву либосҳо асло хоси тоҷикон нест.

Бонувони тоҷик аз азал поксиришту порсо ҳастанду сатру аврат намегирифтанд. Занони тоҷик ҳарири шарм дар чашму пардаи ҳаё дар вуҷуди худ доранд. Аз ин рӯ либосҳои мардуми бегона хоси тоҷикон нест. Дини мубини Ислом моро ба меҳрубонӣ, муҳаббат, дӯстӣ, сулҳофаринӣ, ваҳдатписандӣ ҳидоят мекунад. ҳар кас, ки бидуни он рафтор кунад, мусалмон нест.

Шахсе, ки бо номи Ислом амалҳои хуб мекунад, ба мақсади хеш мерасад, зеро Аллоҳ донову бино ва бахшояндаву меҳрубон аст. Эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оин, гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба қадри сулҳу осоиштагӣ дар кишвар бояд мақсаду мароми ҳар як тоҷики ватандӯст бошад.

Марҳабо Исломзода (Маҳваш),
узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh