ОШИ НАҲОР: аз мост ё бегона?

Халқияту миллатҳои оламро аз рўи фарҳанги зиндагӣ, урфу одат ва ойину русуми хосашон метавон қиёс карду шинохт. Як садои мусиқӣ дар аввалин пардаҳои навозиш метавонад, муаррифгари кадом халқ буданашро изҳор намояд ё як пироҳане, ки дар қади хонуми зебое ҷилва мекунад.

Ғизое, ки мардум истеъмол менамоянд, низ чунин аст. Нони  самарқандӣ, тушбераи кубанӣ, кабоби  панҷширӣ, қурутоби кўлобӣ, ҳалвои Қум, ширчои бадахшӣ…метавон садҳо намуди хўрокро мисол овард, ки шаҳру деҳе, вилояте ё кишвареро ба ёди истеъмолкунанда бирасонад, мисли шароби арманиву спагеттии итолиёвӣ.

Ёдам меояд: соли 1981, ҳангоми сафар бо гурўҳи донишҷўёни  ҳунарманди  «Наврўз»-и донишгоҳи Тоҷикистон дар қитъаи Африқо Ҷумҳурии (Того) ба тарабхонае рафтем. Тасмачархе, ки давр мезаду хўроки рангоранги халқҳои гуногунро аз назди муштариён мегузаронд, оши палавро низ пеш овард. Барои мо, тоҷикон, ки  зиёда аз 20 рўз аз ғизоҳои миллӣ дур шуда будем, дидани ош худ лаззати дигаре дошт. Ба истиснои ду – се нафар, ки харчанги уқёнуси  Атлантикро бо пивои олмонӣ интихоб намуданд, ҳамаи  ҳамсафарон мехос-танд, палав бихўранд. Оши хушлаззате буд, ҳарчанд дар рўйхати таом бо се забони машҳур, аз ҷумла бо русӣ  «Узбекский плов» навишта буданд. Байни мо, тоҷикон, ҳамоно  саволе пайдо шуд, ки  чаро номи ин ғизо палави тоҷикӣ неву  ўзбекӣ? Нафаре пурсуҷў намуда, маълум кард, ки ошпази таррабхона як шаҳрванди Ўзбекистони Шўравӣ (аз Ургут)  аст ва аз он ҳам шод шудааст, ки дар Африқо ҳамзабонеро ёфта, бо забони тоҷикӣ сўҳбат мекунад…

Оши палави тоҷикӣ бо навъҳои худ аз палавҳои ирониву афғонӣ фарқ дорад. Намудҳои онро ин тобистон таббохони беҳтарин дар навоҳиву шаҳрҳои мо мусобиқакунон  пухтанд ва тирамоҳ, дар доираи ҷашнвораҳои истиқлолӣ низ ҳаводорони  ин ғизои миллиро шод карданд. Ростӣ, сабқати ҷолиб ва омўзандае буд. (Албатта барои пазандагони он, зеро, ба назари мо,  мусобиқаи ошхўрон чандон мувофиқи ниёзҳо ва урфу одати тоҷикон нест ва баҳси дигаре мехоҳад).

Оре, имрўз мақсад аз ин навиштаҳо дигар аст. Сухан аз оши наҳор меравад. Аввалин бор кай ва дар куҷо оши наҳор хўрда буданд, мо намедонем, лекин маълум аст, ки солҳои сол дар шаҳрҳои бостониамон оши наҳор як қисмати маросими тўйҳои арўсиву хатнасурӣ буд дар Самарқанд, Бухоро, хоса дар Хуҷанд. Оши наҳорро одатан пас аз дамидани субҳ  мекашанд ва  омадурафти меҳмонон дар муддати  як-ду соат ба охир мерасад. Дар ин соатҳо ҳунармандон бештар сурудҳои классикӣ месароянд. Ин маърака дар рўзҳои корӣ низ баргузор мешуд, зеро аз он халале ба кору кормандон намерасид.

Баъди ба танзим даровардани маросимҳои  тўй ва мотам  оши наҳор аз байн рафт. Ҷои онро «оши тўй» гирифт, ки фақат дар рўзҳои истироҳат, ё бегоҳии рўзҳои корӣ (баъд аз соати 18) баргузор мегардад. Дар як соати рўзҳои истироҳат баргузор шудани он гоҳо боиси нороҳатиҳо мешавад. Ҳарчанд амалӣ намудани қонуне дар бораи танзими маросимҳои мардумӣ барои мо хеле фоидаовар шуд ва маъракаи  оши наҳор ҳам дар ҳамон қолаби аҷдодӣ метавонист, дар ин барнома боқӣ бимонад, аммо…

Баъди солҳои навадуми асри гузашта дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе  маъракаҳое бо номи «оши наҳор» ба миён омаданд, вале бо тарзу равиши дигар. Мо борҳо шоҳиди он будем, ки ошҳои наҳори Душанбе бештар баъд аз зуҳр ё бегоҳирўзӣ баргузор мешуданд, бо иловаи шаробу кабоб ва соатҳои зиёди базму намоиш. Дар рўзҳои корӣ барпо шудани ин маъракаҳо ба низоми кории сокинони пойтахт низ таъсир расонд, зеро қисмати зиёди кормандон баъди ними рўз рў ба сўи манзили соҳиби тўй меоварданд. Аз ин рў, бо пешниҳоди шаҳрдори шаҳри Душанбе оши наҳор ба рўзҳои истироҳат кўчонда шуд.

Дар ин миён шаҳрвандони Хуҷанд ва навоҳии гирду атроф, ки оши наҳорашон субҳидам баргузор мешуду (бе шаробу кабоб) ба рўзи корӣ халале ворид намекард, низ аз маъракаи меросии худ маҳрум шуданд. Ҳоло ба ёдам рўзҳое мерасанд, ки ҳамроҳи коргардони машҳури синамову симо Абдуллоҷон Fаффоров ва наворбардори нотакрор  Саломи Назрулло филми телевизиониеро аз рўзгори ҳунарманди маҳбуб - устод Боймуҳаммад Ниёзов  («Ҳунарманде аз диёри Камол») мебардоштем. Устоди равоншод чун огоҳ шуданд, ки аз рўи барномаи пешакӣ бояд аз ягон оши наҳор бо иштирокашон  наворе бардорем, хеле хурсанд гардиданд. Дафтари хурдеро аз ҷайб бароварданд  ва  суроғаи ду тўйро, ки баъди чанд рўз дар шаҳри  Хуҷанд  даъватӣ буданд, ба мо пешкаш карданд ва гуфтанд:

- Оши наҳорҳо барои ман машқгоҳи тайёранд. Сурудҳои «Шашмақом»-ро агар як моҳ такрор накунед, аз хотир фаромўш мешаванд. Ҳам миқдорашон зиёд ва ҳам матну оҳангашон, ки осон нест, гаштаву баргашта  хондану  такрор карданро талаб мекунад. Ман навбат ба навбат дар ошҳои наҳор аз китоби «Шашмақом» месароям, ҳам барои худам фоида дорад, ҳам мардум аз ин ҳунари волои ниёгонамон лаззат мебаранд.

Воқеан, оши наҳор барои мардуми мо чӣ файзҳое мебахшид?

Аввал, барои хешу табори соҳиби тўй сабаби ба ҳам омадан, дастёри якдигар будан, эҳсоси муносибати  дўстона намудан.

Дуввум, сабабгори саҳархезии мардум, файзи дидори субҳидам бо ёру ошно.

Саввум, саҳнаи тарғиб ва истифодаи беҳтарин созу суруди  классикии тоҷик, аз ҷумла  «Шашмақом».

Чаҳорум, истеъмоли  ғизои бомаззаи миллӣ - оши палав.

Ба қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ҳамааш «субҳхезиву саломатталабӣ» буд.

Чанд сол пеш дар Қасри Арбоб, дар ҷашнвораи солгарди Иҷлосияи  шонздаҳуми  Шўрои Олии Тоҷикистон Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Раиси  Ҷумҳури Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои таърихии бунёди  Тоҷикистони навин ва кори шабонарўзии вакилони мардумӣ ёд карда, аз ҷумла гуфт:

«Саҳари барвақт ба оши наҳор мерафтем ва дигар аз паи кор мешудем».

Ростӣ,  ин ишораи  Пешвои миллат оё  барои  мо ҳушдор намекунад, ки маъракаи оши наҳорро ҳамчун мероси аҷдодон ва нигоҳдорандаи урфу одату фарҳанги бои миллатамон бори дигар барқарор намоем ва аз рўи  барномаи танзим тарзу намуди  гузаронданашро риоя намоем.

Ё интизори он мешавем, ки аз ягон кишвари дур ё наздик садое бархезад: «Оши палав ғизои  миллии мост. Зеро оши наҳор маъракаи меросӣ ва қадимии мардуми мо ба шумор меравад»…

Андешаи шумо чист?

Толиб Карими ОЗАРАХШ,
шоир, сармуҳаррири
маҷаллаи “Паёми Суғд”

Add comment


Security code
Refresh