“Ганҷи сухан” дар китобхонаи вилоятӣ

Нишасти 144-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бо намоиши бошукӯҳи китобиву матбуотӣ, дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки олимону адибон, мухлисони каломи бадеъ баргузор гардид. Ин навбат маҳфил ба истиқболи 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи  Тошхоҷа Асирӣ бахшида шуд.

Оид ба навгониҳои иливу адабӣ  ва  фарҳангӣ сармуаллими кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сорбон Азизов баромад намуд. Дар мавзӯи “Китобхона-ганҷинаи илму хирад”директори Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ номзади илмҳои филология,дотсент Баҳром Мирсаидов маърӯза намуд.

Ин дафъа дар маҳфил адибони номвар сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустами Ваҳҳоб ва шоиру мунаққид Давлати Раҳмониён  аз шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Дар мавзӯи “ Назаре ба девони ашъори тоҷикии Амир Умархон   мутахассиси  шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҳБСТ Нурихон Охунҷонова баромад намуда,таваҷӯҳи ҳозиринро ба ҳунар ва истеъдоди  ин шоири зуллисонайн ҷалб кард.

Раисибахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон  Раҳматзод оид ба ҷамбасти курс-конфронси адибони ҷавон, дар шаҳри Хуҷанд изҳори назар кард. Дар бахши шеърборон шоирон Абдуҷаббори Суруш ва Адиба аз ашъори худ  ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ғазалҳои адибони классик намунаҳо қироат карданд.

Саидумрон САИДОВ

Add comment


Security code
Refresh