Дар Истаравшан «Ҳақиқати Суғд» намехонанд?

Рафти маъракаи обуна дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов низ беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад!

Ҷомеаи имрўзаро бе хабару навгонӣ ва ВАО-ро бидуни инъикоси рўйдодҳои олам тасаввур кардан ғайриимкон аст. Танҳо рўзноманигор метавонад, оммаро аз навгониву рўйдодҳои олам бохабар созад. Рўзнома яке аз воси-таҳои асосии иттилоърасонӣ ва ташаккулдиҳандаи афкори омма мебошад. Аммо дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бахусус шаҳри Истаравшан солҳои охир шумораи хонандаҳои матбуот дар миёни ҷавонону наврасон ва калонсолон коҳиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки моҳи августи соли 2016 қарори Раиси вилоят «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2017»-ум ба тавсиб расида, раисони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни соҳа вазифадор гардиданд, ки  ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ        гузаронида шавад.

Аз он дам то имрўз зиёда аз ду моҳ гузашта бошад ҳам, аммо вазъият дар баъзе шаҳру навоҳӣ бетағйир боқӣ мондааст. Бахусус,  вазъи обуна дар шаҳри Истаравшан ташвишовар буда, дар шаҳр аз моҳи август то кунун ба рўзномаи вилоятие, ки фарогири тамоми масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷомеа аст, ягон нусха обуна нашудаанд. Магар дар Истаравшани бостонӣ мардум рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»-ро намехонанд? Магар барои мардуми ин минтақаи бостонӣ, ки шўҳраташ то ба дуриҳо рафтааст, бохабар шудан аз пешравию ободӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят зарур нест? Ҳамзамон, вазъи маъракаи обуна дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов беҳбудӣ мехоҳад. 

Чаро мардуми шаҳри Истаравшан рўзномаи «Ҳақиқати Суғд»-ро намехонанд? Ин суолест, ки ҷавоби мушаххас металабад!

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh