Ҳадаф: вусъати ҳамкории ВАО

13 октябри соли равон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода бо мақсади аз наздик огаҳӣ ёфтан бо шароити ҷойи кор ва масоили мухталифи марбути соҳаи васоити ахбори оммаи вилоят дар «Кохи матбуот»-и маркази вилоят бо намояндагони ВАО мулоқот намуд.

Сараввал Зиннатулло Исмоилзода аз идораи нашрияҳои давлативу хусусӣ, аз ҷумла рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Дам», «Саломат бошед» дидан намуда, перомуни шароити кор ва фаъолияти касбии рӯзноманигорон сӯҳбат орост.

Дар мулоқот Илҳоми Ҷамолиён раиси Иттифоқи журналистони вилоят меҳмонону иштирокдоронро хайрамақдам гуфт.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода изҳор дошт, ки ҳадафи асосӣ аз вохӯрӣ бо журналистон ин пеш аз ҳама рушду таҳкими журналистика ва вусъати ҳамкорӣ байни васоити ахбори омма мебошад.

-Алҳол давр тақозо дорад, ки рақобатпазирӣ ва амнияти итилоотии ВАО дар мадди аввал бошад. Бояд рӯзноманигорон дар маводи хеш муаммоҳову мушкилоти мардумро инъикос намуда, раҳнамои ҷамъият бошанд. Маҳз, ҳамкории муфид метавонад, амнияти иттилоотиро ба вуҷуд орад, -қайд намуд ӯ.

Ҳамчунин мавсуф аз ҳадафҳои асосии таъсиси Академияи васоити ахбори омма, аз чумла мусоидат барои такмили маҳорат, андӯхтани таҷрибаҳои навин тариқи курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат ҳарф зад.

Академияи мазкур дар соли аввали фаъолияташ беш аз 30 нафарро аз рӯи талабот омӯзонида, соҳиби сертификат гардонидааст. Бозомӯзӣ дар Академия ройгон аст.

Зимни баромади хеш мавсуф бори дигар аз намояндагони васоити ахбори омма даъват ба амал овард, ки тибқи қонуну меъёрҳои ахлоқии журналистӣ фаъолият бурда, аз тамаъҷӯӣ даст кашанд. ҳамчунин оид ба масоили пардохти саривақтии ҳаққи узвият махсус таъкид гардид, ки рӯзноманигорон нисбати ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир накарда, саривақт онро пардохт намоянд.

Дар фарҷом раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба дархосту суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посух гуфт.

Бояд ёдовар шуд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо бо кормандони идораҳои телевизион ва радиоҳои шаҳру навоҳии вилоят низ баргузор гардиданд.

Маъмурахон САМАДОВА,
Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh