Абрешим кай офарида шуд?

Аввалин маротиба абрешимро дар Чин истеҳсол намуда, онро тоҷирон ба шаҳрҳои Осиёи Марказӣ оварда мефурўхтанд. Оид ба пайдоиши он ду ақида мавҷуд аст: Гурўҳе аз муҳаққиқон мегўянд, ки тақрибан 4000 сол пеш аз мелод истеҳсоли абрешим ба роҳ монда шудааст. Гурўҳи дигар бар хилофи андешаи онон иброз медоранд, ки бо ташаббуси императори Хитой У-Ди ва шоҳаншоҳони тоҷикони Порти бузург Меҳрдоди 1 ва Меҳрдоди 2 дар давоми соли 1800 оғоз аз Фарғона, Суғду Вароруд то ғарби Хуросон паҳн гардидааст. Дар ин фурсат бархе ҳунармандон аз устоҳои чинӣ нозукиҳои абрешимбофиро омўхта, дар Осиёи Марказӣ низ вусъат додаанд.

Ба гуфти доктор Таки Баҳроми эронӣ, замоне дар Вароруд, Хоразму Хуросон кирмаки истеҳсолкунандаи пиллаи сафед ба роҳ монда шуда буд. Боз вобаста ба зоти кирмак рангаш низ зарду гулобӣ буда, матоъҳои зарбоф  истеҳсол намудаанд. Махсусан, матоъҳои абрешимину порчаҳои аз он бофтаи пешаварони суғдӣ ба баҳои баланд ва эътибори муштариёни Чин сазовор гаштаанд. Дар яке аз сарчашмаҳо Балъамӣ қайд менамояд, ки қиммати ҳар тўби дебо баробари 100 дирҳами нуқрагӣ будааст. Он ҳамчун тўҳфа ба ҷои музди меҳнат ё товони ҷанг дода мешуд.  Масалан, Гургакподшоҳи Суғд дар аввали асри VIII товони ҷанги бо сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим шударо бо  матои абрешимӣ, ё ки подшоҳи тургешҳо Курсул соли 737 моҳонаи ҷанговарони хешро бо лўндаи абрешими нархаш 25 дирҳамбуда пардохтааст. Гуфтаҳои зер далели ба соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардани мардумони Осиёи Марказиро нишон медиҳад. Новобаста ба ин колоҳо ва порчаҳои зарбофти Суғд Фарғонаву Марв талаботи бозори дохилиро қонеъ карда наметавонист. Аз ин рў, ҳунармандон намуди нави матои абрешимӣ-атласро овардаанд.

Воҷаи атлос (атлас) бори нахуст дар ахбори муҳаққиқ Табарӣ ҳангоми тавсифи сарулибоси Курсул-малики турк оварда шудааст. Боз дар саҳифаҳои фарҳангҳои  “Онандроҷ”, “Fиёс-ул-луғот”, “Низом”, навиштаҳои Калавиҳо-сафири шоҳи Испания ба дарбори Темур (асри ХV), сайёҳ Филипп Ефремов (асри ХVIII), намояндаи ҳукумати подшоҳии Рус Филипп Назаров (аввали асри ХХ) ва дигар соҳибқаламони Европаву Русия маълумот зикр ёфтааст. Ҳамзамон, ба назари донишманди илми  этимологияи рус Макс Фасмер калимаи “атлас” ба маънои “матои абрешимини ҳамвору тахт” дар феҳрасти амволи подшоҳ Борис Годунов ҳанўз соли 1589 қайд шудааст.

Матои мазкур бо нақшу нигори пурмаъниву рангоранге, ки ҳар бофанда бо ҳазорон тахайюлу орзу омода месозад, мақбули оламиён шуда, рўз то рўз марказҳои истеҳсоли он зиёда мегардад. Чунончӣ, дар шаҳри Хуҷанд аввали асри ХХ қариб 3 ҳазор дўкони атласбофӣ амал мекард, ки беш аз 6 ҳазор коргар дошт. Дар солҳои 20-уми асри гузашта нахустин артели матоъбофӣ бо номи “Бофанда” таъсис ёфта, он 3 ҳазор бофандаро муттаҳид менамуд. Солҳои 1927-1928 коргоҳи атласбофии “Бофандаи сурх” ва соли 1975 Иттиҳодияи истеҳсолии “Хуҷандатлас” ба фаъолият шурўъ кард, ки бо иқтидори 2290 ҳазор метр дар як сол атласҳои гуногун истеҳсол менамуд.

Аз зумраи дастовардҳои  замони Истиқлолият эҳё карда тавонистани мероси ниёгон, ҳунари миллӣ-атласу адрасбофӣ мебошад. Бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои кишварамон марказҳои истеҳсолии он ташкил ва ҳавасмандонашро ҷалб намуда истодааст. Солҳои охир дар гўшаҳои Тоҷикистон ҳамасола “Иди атлас”, “Андалеб”, озмуни “Атласи тоҷик” барпо мегардад, ки тарроҳон бо истифодаи атласу адрас, беқасаб либосҳои шинамро бо дўхти замонавӣ ба намоиш мегузоранд.

Агар замоне навъҳои атласу адрас бар ҳусни маликаҳо ҳусн зам карда бошад, имрўз зебогии занону духтарони тоҷикро дар рўзҳои тўю маросим ва ҷашнҳо афзун мегардонаду ҷиҳозҳои хонаро оро медиҳад.

Мижгонаи ЗАФАРДУХТ

Add comment


Security code
Refresh