Зардӯзӣ зар овард

Зардўзӣ як соҳаи ҳунармандиест, ки тавассути риштаҳои зар рўи матоъ нақшҳои гуногун дўхта мешавад. Кашфиётҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки аввалҳо асосан дар либосҳои занона ва дар асри VIII дар либоси ҳарбии асилзодагони суғдӣ истифода мешуд.

Асри IХ-ХIХ дар Самарқанду Бухоро, Тошканду Хуҷанд тараққӣ кард ва либоси амирону мансабдорони дигар маҳсуб меёфт, яъне ғайри аҳли ҷоҳ касе ҳақ надошт, бипўшад. Аз ин лиҳоз, дар давраи ҳукмронии амир Музаффархон дар дарбор устохонаи зардўзӣ ташкил гардид, ки ҳамагӣ ду нафар корманд дошт.

Айни замон бо ибтикори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар гўшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон занону духтарон ба ин ҳунари аҷдодӣ аҳамияти хоса дода истодаанд.

Назира Ашўрова ҳунари зар-дўзиро аз модараш омўхтааст. Дар ноҳияи Зафаробод ў аз паси ин ҳунараш тавонист, байни ҷомеа мавқеъ ва барои беҳбудии шароити оилаи худ саҳм гузорад.  Соҳиби чаҳор духтару як писар буда, ба келину духтаронаш ҳам зардўзиро омўзонидааст.

То имрўз шумори шогирдони ин зани ҳунарманд ба 40 расида, устоди кори хеш гардидаанд. Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсули дастони сеҳрофарини Назирахон сўзаниест бо навиштаҷоти “25-солагии Истиқлолият муборак”.

Мавзуна НАЗАРОВА,
донишҷўи соли саввуми
бахши рўзноманигории
ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh