Эҳёи анъанаҳои миллӣ

Дар ин раванд аз ҳисоби идораи шуғли аҳолии ноҳияи Зафаробод дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод маркази таълимию истеҳсолии атласу адрасбофӣ ташкил карда шуд, ки  боиси бо ҷои кор таъмин шудани сокинони бекори шаҳрак гардид.

Роҳбарии маркази таълимию истеҳсолиро Зарринаи Раҳматулло ба зимма гирифта, алҳол зиёда аз 20 нафар шогирд дар ин маркази ҳунаромўзӣ таълим мегиранд ва ҳунарҳои аҷдодӣ меомўзанд.

-Шогирдони болаёқат метавонанд, ин ҳунари нодирро дар муддати кўтоҳ аз бар кунанд,- мегўяд Зарринабону.  Хоҳишмандон дар ин ҷода хеле  зиёданд, онҳо ба таълимгоҳи мазкур номнавис шуда, ҳарчи бештару тезтар мехоҳанд, соҳиби ҳунари воло шаванд. Нафарони муштоқ  ҳатто аз деҳаҳои дур омада, таълим гирифтанианд.

Гарчанде дар таълимгоҳ танҳо як дастгоҳ бошад ҳам, аз он ҳамаи шогирдон фаъолона истифода бурда, рўз аз рўз сифату  самараи корашон натиҷаи дилписанд медиҳад.

Маъмурияти маркази таълимӣ азм доранд, ки фармони Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдат -Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар деҳаҳои дурдасти ҷамоат ҳам чунин марказҳои омўзишӣ таъсис намоянд, то ки аз имкониятҳои мавҷуда ҳамаи хоҳишмандон баҳра бурда тавонанд.

Мирзораҳмат Шарифов,
ноҳияи Зафаробод

Add comment


Security code
Refresh