Боз ҳамон Аҳмади порина...

Дар шафати роҳи мошингарди Хуҷанд - Ғафуров ду бозори калонтарини вилояти Суғд - «Сомон» ва «Атуш» ҷой гирифтааст, ки ҳамарўза гаштугузори мардуми зиёд дар ин бозор ба назар мерасад. Мусаллам аст, ки дар урфият «бозорро оинаи шаҳр» мегўянд ва ҳар касе меҳмони вилоят мегардад, сараввал аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мавзеъҳои таърихиву истироҳатӣ, бозор ва макони саёҳатии вилоят дидан намуда, бо фарҳангу маданияти мо ошномегардад. Аммо агар ягон манзараи ҳузнангез ба чашми меҳмонон бархўрда монад, ба фарҳанги шаҳрдории мо чӣ гуна баҳогузорӣ мекарда бошанд?

Ин бори аввал нест, ки дар хусуси масоили бемасъулиятиву беинтизомии ронандагони воси-таҳои нақлиёт дар роҳи мошингузар ва бепарвоии пиёдагардон нисбат ба ҳаёти худу дигарон бисёр мавод омода ва нашр намудаем. Вале, ба қавле, боз ҳамон Аҳмади порина...

Бархе аз ронандагони нақлиёти мусофиркашон ба ҷойи таваққуф намудан дар истгоҳҳои пешбининамуда дар қади кўчае, ҷойҳое, ки истодан қатъиян манъ аст, истода, бо ин амалашон ба нақлиётҳои дигар монеа эҷод менамоянд. Дар ин хусус бо чанде аз ронандагон ҳамсўҳбат шуданӣ будем, вале онҳо аз посух додан саркашӣ намуданд.

Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиш гардидааст, ин истифода накардани роҳи зеризаминӣ аз ҷониби пиёдагардон ҳангоми гузаштан ба самти бозорҳои «Атуш» ва ё баръакс аст. Бо вуҷуди он ки роҳи зеризаминӣ барои бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта бошад ҳам, то ҳол ҳастанд нафароне, ки нисбат ба ҷони худ ва бехатарии ҳаракати роҳ беэътиборӣ зоҳир намуда, аз ҷойи дилхоҳашон роҳро убур мекунанд.

Оид ба ин масъала мо фикру андешаи бархе аз пиёдагардонро, ки аз роҳи зеризаминӣ истифода набурда, ҷони худ ва ронандаро зери хатар мегузоранд, сўҳбат намудем.

Дар сўҳбат аксари онҳо арз доштанд, ки гўё саросемаанду аз гузаргоҳи зеризаминӣ гузаштанро хуш надоранд, аз ин лиҳоз аз роҳи асосии мошингузар гузаштанро авлотар медонанд.

Масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ мегўянд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои маъмурӣ ҳамоно дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон мушкилот ҷой дорад.

Худсарона гузоштани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои мамнўъбуда ҳамоно бештар ба чашм мерасанд.

Риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ чи аз ҷониби ронандагон ва чи аз ҷониби пиёдагардон боиси зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ гардидааст.

Дар нўҳ моҳи соли 2016 дар вилояти Суғд ҳамагӣ 241 садамаи нақлиётӣ рух дода, дар натиҷа 246 нафар ҷароҳат бардошта, 107 нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванд дар ин ҷода масъулияти бештар эҳсос намуда,  ҷони худу дигаронро дар хатар нагузорад. Бояд андешаи онро кунад, ки оқибати кораш бо чӣ анҷом меёбад?

Рустам ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh