Дар “Панҷшанбебозор” – тозагиро нигоҳ дор!

Бозор инъикосгари маданияту фарҳангдории ҳар як шаҳр ва бозгўяндаи вазъи зиндагии сокинон аст. «Панҷшанбе» яке аз бозорҳои калон ба ҳисоб меравад, ки дар кўчаи Шарқ ҷойгир аст ва ба ин бозор мардум барои харидани чизҳои лозимӣ ва бештар, озуқаворӣ меоянд. Фурўшандагони сари роҳ, ки барои ёфтани ризқу рўзии хеш ба фурўхтани кашничу шибит, шалғамча, тухму ҳасибчаҳо, себу ангур, помидору бодиринг, тарбузу харбуза, обҳои ташнашикан ва яхмосу дигар намуди маҳсулоте, ки ба мардум зарур аст, ба пайроҳаи кўчаи Шарқ ва гирду атрофи бозори «Панҷшанбе» ба фурўш мебароранд.

Ҳамаи ин як тараф, вале як чиз боиси тааҷҷубам гардид: партовгоҳе, ки дар назди гузаргоҳи зеризаминии кўчаи Шарқ ва даруни ҷўйбори он ҷо буд, ба қавле, ҳусни кўчаи Шарқро коста мегардонад. Дар кўчае, ки одамон бисёр рафтуо менамоянд, ин партовгоҳ бештар зарар дорад.

Дар вақти бо ин кўча роҳсипор шудан беҳтар аст, ки нафас нагирӣ, то аз бўи бади партов ва «меҳмонон»-и гирди он - пашшачаю хомўшак даҳону биниат пур нашавад. Наход масъулин ин манзараро набинанд?!

Ба масъалаи тозагии бозор, ба танзим даровардани бозори сарироҳӣ, танзими воситаҳои нақлиёт, ки ба сифати таксӣ хизматрасонӣ мекунанд, диққати махсус зоҳир намудам. Маълум гардид, ки фурўшандагон бе пўшидани либоси ягона дар қади роҳи мошингузар, дар ҳавои гарм бе риояи қоидаҳои санитарӣ маҳсулоти зудвайроншавандаро ба фурўш баровардаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фурўшандагони сари роҳ нисбат ба ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон бепарвоянд. Вагарна дар гармии ҳаво ва ифлосиҳои дохили ҷўйбор, ки бўи ғализи он ба машом мерасад, маҳсулоти ғизоиро ба фурўш намегузоштанд.

Одамоне, ки бо ин кўча роҳсипор мешаванд, рўи худро турш намуда, мегузаранду лекин ба ҷое ё ба касе муроҷиат намекунанд. Ё шояд муроҷиат карда бошанд? Ҳама кор аз бепарвоии мо рух медиҳад, зеро мо ҳама шоҳиди маданияту рафтори имрўзаи ҷамъият ҳастем. Дар кўчаҳои назди бозор қуттиҳои партов гузошта нашудааст, лекин дар Регистони бозори «Панҷшанбе» 4-5 адад қуттии партов ҳаст. Агар масъулин қуттиҳои партовро ба ҷойҳои лозима мегузоштанд, шояд имрўз ҳар гуна чизҳои нолозим дар кўчаю даруни ҷўйбор «манзил намегирифтанд»?

Партовгоҳе, ки дар боло зикр намудем, бештар барои он диққатамонро ҷалб намуд, ки дар он ҷо гузаргоҳ вуҷуд дорад ва одамон бештар бо ҳамон роҳ рафтуомад мекунанд. Наход инсон болои партов роҳ равад? Кай ин муаммоҳо ҳалли худро меёфта бошанд?

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои зеботарину кўҳантарини Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале ин зебогиҳои шаҳрро партовҳои сари роҳ ва дохили ҷўйборҳои кўчаи Шарқ ва атрофи бозори «Панҷшанбе» албатта коҳиш медиҳад.

Вақте ки дар бозор гаштугузор менамоед, дар ҳар як қадами гузоштаатон сари роҳ қуттии яхмос, сигор, ҳар гуна коғазпораҳо, қуттиҳои полиэтиленӣ ба назар мерасанд.     

Муаммои дигар дар роҳҳои бозори марказии шаҳр норасоии қароргоҳи нақлиёт барои ронандагон мушкилоти зиёд пеш меорад. Дар атрофи бозори «Панҷшанбе» ҳамагӣ 2 қароргоҳ расман фаъолият мебарад, ки ғунҷоиши он хеле маҳдуд аст. Чӣ хеле ки қонуни бозор тақозо мекунад, талабот пешниҳодро ба вуҷуд меорад. Аз ин вазъияти баамаломада шахсони ба истилоҳ, «гурги борондида» истифода бурда, худсарона қароргоҳҳои ғайрирасмӣ ташкил намуда, бо пулситонии ғайриқонунӣ машғул ҳастанд.

Ин мушкилот дар давлатҳои мутараққӣ низ ба назар мерасад. Вале дар он мамлакатҳо муаммои ҷойдошта ба нафъи давлат ҳал гардидааст. Дар кишварҳои хориҷа таъсиси қароргоҳҳои зеризаминии замонавӣ роҳи ҳалли ин мушкилот гардида, маблағи он ба хазинаи давлат равона мегардад. Тибқи нақшаи куллии шаҳрсозӣ, дар шаҳри Хуҷанд бунёди чунин қароргоҳҳои замонавӣ пешбинӣ шудааст. Аммо намедонем, ки ин нақша кай амалӣ мешуда бошад.

Дар вилоят нақлиёти шахсӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад, ки ин вазъ талабот ба қароргоҳҳоро дучанд менамояд. Мебояд ин масъала сари вақт ҳалли худро ёбад. Вагарна ҳаракати нақлиёт дар маркази вилоят боз ҳам хавфноктару ташвишовартар хоҳад шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати суғд»

Add comment


Security code
Refresh