Оши палав – зеббахши дастархони тоҷик

Бегоҳии санаи 5-уми октябр меҳмонон ва мардуми хурду бузурги шаҳру навоҳии вилоят бо рўҳи болидаву табъи хуш ба Маҷмааи фарҳангию таърихии Боғи Камоли Хуҷандӣ маркази вилояти Суғд ҷамъ омада буданд.

Он рўз дар ин мавзеи зебоманзар бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рўзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни  “Оши палав” баргузор шуд. Ҷоизи қайд аст, ки фестивали мазкур бо ибтикори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид. Бино ба гуфти масъулин, баҳри боз ҳам шавқовартару ҳавасманд намудани иштирокчиён имсол дар кори фестивал дигаргуниҳо, аз қабили номинатсияҳои «Дастони моҳир», «Табақи зеботарин ва калонтарини миллӣ», «Саҳнача намоиши фарҳангии беҳтарин» ва «Дастархони беҳтарин» ворид шудааст.  Дар фестивали «Оши палав» имсол  36 деги ош гузошта шуда, ҳар як ошпаз вазифадор гардид, ки аз 6 килограмм биринҷ оши палави миллӣ омода кунад. Ошпазони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Ҷаббор Расулов дар алоҳидагӣ аз 30 килограмм биринҷ оши палав омода намуда, онро ба зиёда аз 1 500 нафар камбизоатон тақсим намуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамроҳии иштирокчиёни Машварати омўзишии адибони ҷумҳурӣ ба Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” омада, бо ҷараёни омодасозии Оши палави иштирокчиёни озмун шинос гардид. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷи- кистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳо, иштирокчиёни Машварати омўзишии адибони ҷумҳурӣ ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намуданд.

Ҳамчунин, он рўз масъулини шаҳру навоҳии вилоят дастархони идонаро бо тарзи хоса ороста, таомҳои лазизи гуногуни миллиро пешкаши иштирокдорон намуданд. Дар гўшаи дигари маҷмаа бошад,  ҳунармандону санъаткорони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо суруду оҳангҳои марғуби хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Кифоят Азизбоева 20 сол инҷониб ҳамроҳи шавҳараш ош мепазаду дар ноҳияи Зафаробод палави пухтаашон бо номи «Оши Зулфиқор» машҳур аст. Ба фестивали «Оши палав» бо даст-овези арзанда - қимапалов омадаасту мехоҳад, маҳсули дастонашро меҳмонону иштирокдорони ин чорабинии муҳим низ чашида бошанд. Дар мавриди ба даст овардани ғолибият Кифоятхон мақолеро ба забон овард, ки «Аз ту ҳаракату аз ман баракат» унвон дошт. Хурсандиовар он аст, ки имсол иштирокчии озмуни ошпазӣ духтари хонадон Зарринабону низ бо оши палави гўшти гўсфандӣ ҳамагонро шод гардонид. Зеро ин духтараки чаққону моҳир дар баробари хатми донишгоҳ бо квотаи Президентӣ инчунин, аз падару модари худ ҳунари кадбонугӣ омўхта, дар озмун ширкат варзид.

Ситорахон Юсуфова бори аввал аст, ки дар фестивали «Оши палав» иштирок карда, ҳунари хешро манзури тамошобинон гардонид. Ситорахон арўси хонадони Юсуфовҳо аз Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бўстон буда, ҳанўз аз арўсиаш се моҳ нагузаштааст. Бо ҳидояти падар-арўсу хушдоман дар номинатсияи Оши наварўси фестивал бо палави серсабзию сергўшт худро муаррифӣ кард. Ў шукргузор аз он аст, ки ба хонадони соҳибмаърифат арўс шудааст.

Дар чойхонаи «Наврўз-1»-и шаҳри Қайроққум ҳамарўза оши серравғану хушмаззае мепазанд, ки ошпази номӣ Олимҷон Қурбонов барои мизоҷонаш омода мекунад. Оши хуштаъму гуворои палави чойхонаро махсусан калонсолон интизорӣ мекашанду баъди тановули он ба пазандааш аҳсант мехонанд. Зеро ошпаз дар баробари равғани дунбаю гўшти гўсфанд ба оши палав нахўду зира, мурчу қароқот, сирпиёзу дигар маҳсулоти хуштаъмкунандаро ҳамроҳ мекунад.

Хайём Бобомуродов бори дуввум аст, ки дар фестивали «Оши палав» иштирок мекунад. Ҳарчанд ў соли гузашта ҳамроҳи тағоиаш дар фестивал ош пухта буду ҳамчун ёрирасон  тағоиашро ҳамроҳӣ мекард, имсол хост, маҳорати худро дар палавпазӣ санҷад. Оши палави панҷакентӣ, ки дар зер биринҷу болои он бо зарҷомаву  гўшту қазӣ, сирпиёзу қавурдоғ ва зираву нахўд ороиш дода шуда буд, аз дигар палавҳо фарқ мекард.

Заррина Сатторова ҷавондухтари моҳирест, ки ҳунари кадбонугиро аз модараш омўхтааст. Ў аз байни садҳо ҷавондухтарони ноҳияи Спитамен ҷуръат кардааст, ки иштирокчии фестивал бошад ва маҳораташро дар ошпазӣ нишон диҳад. Оши паловро бо равғани гўсфанд чунон бомаҳорат пухтааст, ки иштиҳои кас қозгир мегардад.  Зарринабону ҳарчанд ҷавон аст, аммо тавассути маҳорати кадбонугиаш писанди ҳамагон гаштааст. Ў аз синни дувоздаҳсолагиаш аз модар пухтани таоми миллиро омўхтааст. Аз он шод аст, ки аъзои ҳакамон аз байни чандин нафар ҷавондухтарон ўро дар қатори нафарони ғолиб муаррифӣ намудаанд. Минбаъд ин духтараки зебо кўшиш мекунад, ки пухтани намудҳои гуногуни оши палов ва дигар таомҳои миллии тоҷикиро ба дараҷаи аъло омўзад.

Фирдавс Охунов - сокини ноҳияи Мастчоҳ: - Оши пухтаи Кифоятхонро, ки бо номи Оши Зулфиқор машҳур буду нахўрда будем, боҳавсала тановул кардем. Иқрор мешавам, ки дер гоҳ чунин палови бомаззаро нахўрда будам. Агар чунин намебуд, дар муддати 3-5 дақиқа ош ба итмом намерасид. Ба он кас гуфтам, ки агар гузорам ба ноҳияи Зафаробод афтад, ҳат-ман ба ошхўрӣ меравам.

Дилбар Мараҷабова –омўзгор аз  ноҳияи Бобоҷон Fафуров: - Боғи ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоятро он қадар зебову ороста дидам, ки аз тамошояш қалби кас саршори шодиву сурур мегардад. Шиору овезаҳо, хиёбонҳои гулпўшу гулбасар, ошпазҳои моҳир ва, билохира, табиати зебою афсонавии идҷойро дида, пиндоштам, ки дар боғи афсонавии Ирам сайругашт дорам. Шукргузорам, ки кишвари офтобрўяи мо гулбасар мегардад. Бошад, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ободӣ умр ба сар барему арзандаи ин давлату миллати кўҳанбунёд бошем.

Кристина Миронова-шаҳрванди шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Русия: -Чанд рўз қабл бо таклифи дўстони тоҷикам меҳмони шаҳри Хуҷанд шудам. Шаҳр худ санги қиматбаҳоеро мемонад, ки бо таҷаллияш атрофро мунаввар гардондааст. Зиёда аз ин баргузории Фестивал-озмуни «Оши палав» дар рўзи таҷлили Иди забони давлатӣ ба ҳусни шаҳр таровати бештаре бахшидааст. Дар бораи меҳмондўстии тоҷикону тоҷикистониён борҳо шунида будем. Омадем ва дидем, ки мардуми тоҷик меҳмондўсту меҳмоннавоз будаанд. Боз дар як ҷо сарҷамъ омада, шодиву хурсандӣ намудани онҳо ҳайратамонро дучанд афзуд. Бо ин қадар зебоиву шукўҳу шаҳомат ва мардумдўстиву меҳмоннавозӣ месазад, ки тоҷикон дар қатори давлатҳои машҳури дунё ҷой дошта бошанд.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир: - Хуҷандшаҳрро аз пештара ободтар, мардумашро меҳмоннавозу болидахотир дарёфтам. Дар Рўзи забони тоҷикӣ баргузор гардидани фестивали «Оши палав» басо рамзӣ буда, таҷлили ин ид барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ фархунда бошад. Хушҳолонаву таҳтидилона истиқбол намудани мардуми Хуҷандшаҳр бори дигар собит сохт, ки тоҷикон меҳмоннавоз буданду ҳастанд ва чунин мемонанд.

Фестивали мазкурро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҷамъбаст намуда, бори дигар ҳамаи меҳмонону сокинони вилоятро бо Иди «Оши палав» шодбош гуфта, изҳор дошт, ки оши палов ё худ палав — таоми миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, он аз қадимулайём хўроки дўстдоштаи мардуми тоҷик мебошад. Имрўз дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд чанд намуди паловпазӣ маълум аст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ барои иштирокчиён аз  рўи номинатсияҳои муайянгардида ошпазҳои беҳтарин ва дигар масъулин бо диплому мукофотпулиҳо тақдиронида шуданд. Ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали “Оши палав” аз рўи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” — 5000 сомонӣ (ғолиби бахш Хайём Бобомуродов аз Панҷакент), “Ошпази касбии беҳтарин” – 3 000 сомонӣ (ғолиби бахш Мирзобарот  Раҳимов аз Хуҷанд), “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Зикриё  Холиқов аз Исфара), “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Санавбар Зоҳидова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов), “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Аюб Бурҳонов аз ноҳияи Деваштич), “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Кифоят Азимбоева аз Зафаробод), “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилшод Дадобоев аз Кўҳистони Мастчоҳ), “Ошпази беҳтарин байни арўсон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Зар-рина Сатторова аз ноҳияи Спитамен), “Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Қаюм Исмонов аз Конибодом), “Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилноза Султонова аз шаҳри Гулистон), “Ошхўри беҳтарин” – 2 000 сомонӣ (ғолиби бахш Рустам Худойназаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), “Табақи калонтарин ва зеботарини миллӣ” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истаравшан), “Саҳнача, намоиши фарҳангии беҳтарин” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истиқлол), “Дастони моҳир” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Мелибой Сатторов  аз ноҳияи Ашт) диплому мукофотпулиҳо супорида шуд.

Он рўз ҳамагон бо шукргузорӣ аз даврони пуриву осоиштагӣ бо кўдакону аҳли хонадони хеш дар ин мавзеи хушманзари таърихӣ-фароғатӣ гаштугузор мекарданд. Рўзи баргузории Фестивали «Оши палав» Боғи соҳили Сир саросар фараҳафзо, дилнавоз, сурурангез буд. Дилҳо шод, шавқҳо афзун ва чеҳраҳо шукуфон буданд. Фестивали ғайриоддӣ дар сурат ва сирати мардумони мо ҳамчун оина таҷассумкунандаи маърифат, муҳаббат ва назокат буда, дар хотирҳо нақш гузошт.

Шоира САЛИМОВА,

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh