Забони давлатӣ - муқаддасоти миллии мо

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҷалби васеи олимону паҷўҳишгарон, устодону муҳассилин ва ширкати меҳмонон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» баргузор гардид.

Маҳфили илмии гиромидошт бо суханронии ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода ҳусни оғоз ёфт. Тавре зикр гашт, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бобати ташаккули забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ба марҳилаҳои аълои такомул расидани ин забони машҳури оламро метавон аз ҳаёту фаъолияти бузургони илму адаб ва осори мондагори бо ин забон таълифгардида қиёс намуд.

Дар идомаи конференсияи илмӣ  олимон – директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Сайфиддин Назарзода, доктори илмҳои филология, профессор Туғрал Шокиров, номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов таҳти мавзўъҳои «Сиёсати забонӣ дар Тоҷикистон», «Забони тоҷикӣ - рукни давлат», «Китоби Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» ва масъалаҳои худшиносии миллӣ» маърўзаҳои пурмўҳтаво намуданд. Дар суханрониҳо аз сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати забони ноби тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба он, гиромидошти доимии ин арзиши бебаҳо, риояи меъёр, тозагӣ ва покии забони модарӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқии ташаккули забон ва ҷиҳатҳои дигар андешаҳои ҷолиб баён гаштанд.

Ба ифтихори Рўзи омўзгорон, ки таҷлили он бо ин ҳамоиши илмӣ тавъам афтод,  беҳтарин кормандони донишгоҳ бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаю Сипосномаҳо, ҳамчунин тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар фарҷом, санъаткорони шинохтаи вилоят аъзоёни дастаи созию овозии «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ барои ҳозирин барномаи рангини консертиро манзур намуданд.

Нурихон ОХУНҶОНОВА,
мутахассиси шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Add comment


Security code
Refresh