Маҳфили ҳунарии «Шоми дӯстӣ»

Санаи 3 октябри соли равон дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки аҳли санъати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳфили фарҳангиву ҳунарии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар маҳфил санъаткорони ҷавон ва шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Саҳар Ориён, Ғизоли Иноят, Амирҷон Сабурӣ бо сурудҳои хеш табъи иштирокдоронро болида сохтанд. Ҳамзамон, рақсҳои дилошуби гулдухтарони ансамбли «Зебо» ба маҳфил рангу таровати тоза бахшид.

Аҳли толор ҳунармандии санъаткорони афғонро хуш пазироӣ намуданд.

Дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов ба саҳна баромада, аз ҳамкориҳои аҳли санъати ду кишвари ҳамзабон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳарф зад ва китоби сурудҳои худро тақдим дошт.

Воқеан ҳам санъати муштарак ба таҳкими муносибатҳои ду кишвари дӯст ва равобити судманди фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh