Дастовардҳои нави муҳаққиқони ҷавон

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» санаи 30-юми сентябри соли 2016 бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд  Назира Fаффорӣ ва як гурӯҳ олимон, устодони донишгоҳҳои вилоят, донишҷўёну адабдўстон дар «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони  «Китоб – сарчашмаи маърифат ва худшиносӣ»  ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор намуд.

Сараввал директори муассиса, доктори илми филология Фахриддин Насриддинов конференсияро ифтитоҳ намуд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Fаффорӣ оид ба дастовардҳои илмии даврони Истиқлолият дар вилояти Суғд ва фаъолияти илмии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» сухан ронд.

ҳамчунин, дар мавзўъҳои «Саҳми муҳаққиқони вилояти Суғд дар нашру таҳқиқи осори илмӣ-адабӣ» - Умеда Fаффорова, доктори илми филология, профессор, «Фаслномаи «Камоли Хуҷандӣ» ва таҷассуми ташаккули адабиётшиносӣ дар 25 - соли Истиқлолият», Нурулло Ғиёсов, номзади илми филология, дотсент, дар мавзӯи «Мактабҳои илмии даврони Истиқлол ва рушди Мавлавишиносии тоҷик» Тоҷибой Султонзода, номзади илми филология, дотсент суханронӣ намуданд.

Чанд муҳаққиқи ҷавон доир ба дастовардҳои китоби тозанашри «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба монанди «Мунтахаби ғазалиёти Шўхии Хуҷандӣ» (Таҳияи Баҳром Раҳматов), Фаслномаи илмӣ-адабии «Камоли Хуҷандӣ» №3 (7) 2016, «Латоиф- ул-амсол»-и Рашидуддини Ватвот (Таҳияи Маърифат Анварова ва Оқилбой Оқилов) ва «Парешон»-и ҳаким Қоонӣ (Таҳияи Иззатбек Шехимов) изҳори андеша намуданд.

Дар интиҳои конференсия ба муҳаққиқони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Сипоснома ва тӯҳфаҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тақдим гардиданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh