Боздиди Раиси вилоят аз Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздиди худ аз Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” ба роҳбарони бахши сохтмону меъморӣ ва дигар шахсони масъул дастур дод, ки гирду атрофи ин маҷмаа бояд ба ободонии бештар фаро гирифта шавад.

Ин боздид рӯзи сешанбеи 4 октябр сурат гирифт. Зимни боздид таъкид шуд, ки атрофи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” бояд ба яке аз мавзеҳои сарсабзу хуррам табдил дода шавад ва дар он барои сокинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити зарурии истироҳату фароғат омода гардад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи кабудизоркунии ин мавзеъ ба масъулин дастур дод, то корҳои ободониро дар самти  кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ, ташкили фаввораҳои зебо, ҷой барои истироҳату фароғат, бозии кудакон, ташкили  нуқтаҳои хизматрасонӣ барои сокинон, нуқтаҳои пухтани хурокҳои миллӣ вусъат бахшанд.

Бояд зикр намуд, ки  ин маҷмааи бошукуҳсоли ҷорӣбунёд гардида, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рузҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди  баҳрабардорӣқарор гирифтааст. Лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғд Гиинтиз» таҳия гардида, баландии муҷассама 53 метр мебошад ва  дар он тоҷ, хамчунин ҳафт ситораи доирашакл ҷойгир карда шудааст. Масоҳати умумии маҷмаа бошад, 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh