Ҷалолиддини Румӣ адиби ҷаҳоншумул

Истиқлолияти давлатӣ ва рушду нумӯи давлати миллии тоҷикон ба таҳкими фарҳанги худшиносиву худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои баланди мероси гузаштагон ва эҳёи суннатҳои миллӣ мусоидат намуд.

Бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат бори дигар собит менамояд, ки тоҷикон дар минтақа ва ҷаҳон аз қадимтарин халқиятҳо ба шумор мераванд. Таҷлили ҷашни бошукуҳи “Рӯзи Мавлавӣ” шаҳодатгари гуфтаҳои болоянд. Ҳафтаи сипарӣ дар МТМУ № 21-и шаҳри Хуҷанд ба  муносибати Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ чорабинии илмӣ-амалӣ бо ташаббуси омўзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Сараввал Директори МТМУ № 21-и шаҳри Хуҷанд Файзиев Ф. баромад намуда, қайд намуд, ки гузаштагони бофарҳанги мо тавонистаанд, ки бо навиштани асарҳои арзишманди хеш, мисли “Маснавии Маънавӣ”, “Мактубот” ва “Девони Шамс” дили ҳазорон муштариёни илму адаби форсиро тасхир намоянд.

Сипас, хонандагони синфҳои болоии мактаби мазкур аз рўи 8 бахш баромад намуда, симои шоир ва мутафаккири асри ХIII – форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румиро  дар дунёи адабу фарҳанги ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Қайд гардид, ки  “Маснавии Маънавӣ” аз бузургтарин асари манзуми ин нобиғаи адабиёт буда, бо фарогирии мавзӯъ, ҳалли муаммоҳои ҳаёт, санъати сухан ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ баробар дониста мешавад.

Зайнура ШУКУРОВА,
муаллимаи МТМУ 21-и шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh