“Зардолузор” - макони осоиш ва камолоти маънавии мардум

Чуноне маълум аст, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» ба истиқболи ҷашни мўътабари мамлакатамон озмун сурат гирифт.

Маҳаллаи Зардолузори шаҳри Панҷакент ҳамчун маҳаллаи беҳтарин дар давраи ҷамъбастии вилоятӣ ғолиб гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Дар даври ниҳоӣ-ҷумҳуриявӣ маҳаллаи Зардолузор ба гирифтани ҷойи дуюм шарафёб шуда, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Сарвазири мамлакат, мўҳтарам Қоҳир Расулзода дар шахси раиси шаҳр Шафеиён Ислом Зиёзода, раиси кумитаи маҳалла Муталлиб Қурбонов тамоми сокинони маҳалларо бо пирўзӣ муборакбод намуда, Дипломи дараҷаи дуюмро супурд.

Ин маҳалла кадом бартариятҳоро дорост, ки дар сатҳи вилоят беҳтарин дониста шуда ва дар сатҳи мамлакат шоистаи таҳсину намунаи ибрат гардид?

-Дар ҳар ҷода сокинони маҳалла ҳамеша кўшиш мекунанд, ки аввалин, намунаи ибрат бошанд,-мегўяд раиси кумитаи маҳалла Муталлиб Қурбонов. - Аввал ин, ки дар маҳалла фазои солими маънавӣ ҳукмфармост. Ҳангоме дар ҷаласаҳои кумитаи маҳалла ба ҳаҷдаҳ нафар раисони ҳавлиҳо аз ҷониби кумитаи маҳалла супориш дода мешавад, онҳо иҷрои онро ҳатмӣ мешуморанд ва дар муддатҳои кўтоҳтарин иҷрои онро таъмин мекунанд. Масалан, дар масъалаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳаллаи мо доимо дар сафи пеш аст. Даъвати баҳоронаи соли равон низ бо эҳсоси баланди ватан- дўстӣ гузаронда шуд. Аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро иҷро кардем ва комиссари ҳарбии шаҳр, полковник С.Мўҳтоҷов ба маҳаллаи мо ташриф оварда, мардумро ҷамъ карда, изҳори миннатдорӣ намуд. Дар маҳаллаи Зардолузор вайроншавии оилаҳо, гуфтан мумкин, ки вуҷуд надорад. Шояд сирру асрори инро донистан мехоҳед.

Марҳамат, агар дар кумитаи маҳалла огоҳ шуданд, ки дар оилае якдигарнофаҳмӣ ё низоъ ба миён омадааст, бонувони рўзгордидаву дар қўраи зиндагӣ обутобёфта, аз ҷумла раиси шўрои бонувони маҳалла Фирўза Баротова, зани соҳибфазилат Собира Раҳимова ва дигар бонувони соҳиби таҷрибаи бои зиндагӣ фавран ба он хонадон мераванд ва муамморо дар ҷояш ҳаллу фасл менамоянд. Дар маҳалла 2700 нафар сокинон, яъне 421 хоҷагӣ истиқомат доранд. Шуғли асоси онҳо соҳибкорӣ, касбу ҳунари дўзандагӣ, бофандагӣ, зироаткорӣ ва дигарҳо аст. Дар маҳалла се сехи дўзандагӣ амал мекунад, ки дар он занону духтарон бо пешаҳои атлаву адрасбофӣ, дўхтани куртаҳои миллӣ машғуланд.

Бо як сухан, тамоми мардуми маҳалла аҳли фаҳм, як суханро гўӣ, идрок мекунанд, ки ҳамин корро иҷро кардан зарур аст. Масалан, агар маъракаи обуна ба нашрияҳои даврӣ оғоз ёбад ҳам, аҳли ин маҳалла аз аввалинҳо шуда, ба рўзномаву маҷаллаҳо, аз ҷумла рўзномаҳои вилоятӣ обуна мешаванд.

Дигар ин, ки дар маҳалла аҳливу тифоқӣ дар ҳар кор ба ҳукми анъана даромадааст. Ягон корро сар карданӣ шаванд, бо маслиҳату машварати ҳамдигар, аз як гиребон сар бароварда, онро анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр, дар соли ҷашни бузурги мамлакат-25-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон чойхонаи миллӣ ба истифода дода шуд, ки он имрўз ҷои истироҳату фароғати аҳли маҳалла аст.

Нуқтаи дандонпизишкӣ таъсис дода шуд, толори варзишӣ барои бо намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифтани мардум, бахусус наврасону ҷавонон ба кор шурўъ кард. Чандин нуқтаҳои фурўши озуқаворӣ, молҳои саноатӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ соли равон ба фаъолият шурўъ карданд. Меҳмонхонаи «Интурист» барои сайёҳон дари худро боз кард. Ду нонвойхона, ки нони самарқандӣ ва нонҳои равғанину фатир ба сокинони маҳалла пешкаш мекунанд, дар хизмати мардуманд.

Сокинони маҳалла баҳри истиқболи сазовори иди бузург намои ҳавлиҳо, кўчаҳо, аз ҷумла хиёбони устод Рўдакӣ, кўчаҳои ба номи Абўалӣ Инби Сино, Камолиддин Беҳзод, Мирзо Абдулқодири Бедилро ободу зебо, таъмир карданд. Кўчаҳо, роҳу пайроҳаҳо, назди коргоҳу муассисаҳои таълимӣ, ҳавлиҳо бо анвои гулу гулбуттаҳо гулзору гулпўш гардида, дарахтони ҳамешасабзи арча шинонда шуданд. Дар хиёбони ба номи устод Абўабдулло Рўдакии шаҳр зиёда аз 500 бех ниҳоли дарахтони мевадор ва ороишӣ шинонда шуд, танаи дарахтони қади роҳу кўчаҳо бо оҳак сафед карда шуданд. Бештар аз ду километр ҷўйбори дохили маҳалла бо роҳи ҳашар тоза карда шуд.

Соҳибкорон дар маҳалла бо саховатпешагии худ, бо дасти кушоду кўмак кардан ба камбизоатон намунаи ибрат гардидаанд. Бо кўмаку дастгирии соҳибкор Раҳимҷон Рустамов кўпрук бунёд карда шуд. Раҳимҷон Рустамов, соҳибкорони хайру саховатпеша Низомиддин Исломов, Сўҳробҷон Аҳмадов доимо ба оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз мекунанд ва бо амалҳои неки худ боиси ифтихори аҳли маҳалла мебошанд. Дар маҳалла бо дастгирии соҳибкорон ва иқдоми сокинон бо мақсади риояи ҳолати хуби санитарӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кўчаҳои маҳалла нақлиёти партовбарорӣ харида шуд.

Дар Зардолузор муҳити созгор, афкори солиму созанда ҳукм меронад ва аҳли он баҳри ободкориву созандагӣ, минбаъд рушду ташаккул ёфтани соҳаҳои иқтисодиву             иҷтимоии диёрамон монда нашуда заҳмат мекашанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh