Зиёӣ ва фарҳанги ҷомеа

Рисолати аслии зиёӣ ё равшанфикр ин аз роҳи фаъолияти ақлонии хеш бо иҷтимоъ иртибот доштан, мулоҳизаҳои хешро дархури ниёзҳои ҷомеа фаъолона ва озодона иброз кардан аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд:

«Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рўзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерўи инсон нақши арзанда мебозанд».

Fояву ормонҳои миллат одатан дар зеҳни онон шакл гирифта, роҳҳои пиёдагардонии онҳо равшан мегардад.

Ба наздикӣ китоби номзади илмҳои фалсафа, дотсент Абдураҳим Ҷўраев “Фалсафаи худшиносии миллӣ” (Философия Наӣионалҳного самосознания в проӣессе глобализаӣии - Philosophy of national idendity in the process of Globalisation», аз чоп баромад, ки он маҷмўи мақолаҳои муаллифро оид ба баъзе равандҳои таҳаввулоти ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар бар мегирад.

Мақолаҳое, ки дар ин китоб аз ҷониби файласуф Абдураҳим Ҷўраев - устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷмўъ шудаанд, аз имконоти ҷадиди андешидан, аз эҳсоси дақиқи даврони гузариш дар мамлакат шаҳодат медиҳанд. Ў аз зумраи зиёиёнест, ки на танҳо бо фарҳанги миллӣ, балки бо фарҳангу маорифи ҷаҳонӣ тавассути сафарҳои зиёди илмии хеш ба Федератсияи Россия, ШМА, Канада, Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Испания, Германия, Франсия, Ҳиндус-тон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон хуб бархурдор аст. Аз ин рў, гузоришҳои ў на танҳо дарки воқеъбинонаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маърифатии даврони поягузории Истиқлолияти миллӣ ҳастанд, балки пешниҳодҳои дақиқи амалиро низ фароҳам овардаанд.

Дар онҳо ҷабҳаҳои мухталифи масоили шинохти фарҳанг, зарурият ва роҳҳои ташаккули фалсафаи худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, мушкилоти раванди демократикунонии ҷомеа, роҳҳои ислоҳоти маорифи ҷомеа, падидаҳои ҷадид дар санъати тасвирии тоҷик бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ мавриди назар қарор гирифтаанд.

Чун бештари мақолаҳо характери илмӣ ва илмӣ - публитсистӣ доранд, онҳоро дар якҷоягӣ як навъ даъват на танҳо ба дарки амиқи гузашта, балки пайванди ногусастаи худшиносии миллӣ бо ниёзҳои замони муосир ҳисобидан ҷоиз аст.

Муаллиф мутмаин аст, ки андешарониҳое, ки аз эҳтиёҷоти ҳалли муаммоҳои имрўза дур ҳастанд, аз худ меваи хушкеро мемонанд. Ба хотири ҳифзи ҳуввияти миллӣ, симои миллӣ, фақат машғули анъанаҳои гузашта шудан қафомониро ба худ қисмат кардан аст. Барои рушди илму маориф таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷаро омўхтан хеле муфид аст.

Файласуф, маданиятшинос ва педагог Абдураҳим Ҷўраев, ки фаъолияти илмӣ – таълимӣ ва педагогии хешро солҳои зиёд бо се забон пеш мебарад, намунаи нодири комёбии олим ва омўзгор дар низоми маорифи миллӣ аст. Қадру манзалати забон дар ҳамаи давру замон ба андозаи дар он инъикос ёфтани пешрафти иқтисодиёт, илму техникаи муосир ва пешсафӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти соҳибони он вобастагӣ дорад. Имрўз бояд иқрор шуд, ки агар шахси бомаърифати тоҷик фақат ба забони хеш маҳдуд шавад, аз равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар канор мемонад.

Ҷамшед Ҷўразода,
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Суннатулло Ҷонбобоев,
корманди калони илмии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Add comment


Security code
Refresh