Обуна-2017: «Ҳақиқати Суғд»

Ҳарфи мо ҳам шӯълае аз офтоби меҳан аст!

Рўзномаи  вилоятии «Ҳақиқати Суғд» - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар тарғибу ташвиқи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, супориш ва қарору ҳадафҳои созандаи Раиси вилоят, инъикоси дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд хизмат менамояд.

«Ҳақиқати Суғд» соли 2017 низ ҳафтае се маротиба - рўзҳои  сешанбе, панҷшанбе ва шанбе нашр гардида, аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, кишвару хориҷи он маводҳои ҷолиб интишор карда, робитаро бо Шумо, хонандагони азиз густариш мебахшад.

Муштариёни мӯҳтарам! Ҳамзамон, Шумо аз саҳифаҳои рӯзнома бахшида ба ҷашну тантанаҳои бузурги давлатӣ, аз ҳаёт ва фаъолияти шахсони барӯманди диёр ва корҳои созандагии шаҳру навоҳии вилоят огоҳӣ ёфта метавонед. Саҳифаҳои махсуси «Розу ниёзи мардум», «Минбари Шумо», «Ҳунар  - беҳ аз ганҷу зар», «Чаманоро», «Мадади Сино», «Сафинаи Сайҳун», «Меҳрпайванд», «Рӯҳафзо»  ва ғайраҳо ҳамдаму ҳамрози ҳамешагии  Шумост!

Ба рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» қабули обуна барои соли 2017 оғоз гардид. Обуна дар шўъбаҳои шаҳриву ноҳиявии КВД «Почтаи тоҷик» ва идораи рўзнома (шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, «Кохи матбуот», ошёнаи 4-ум), тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ бе маҳдудият қабул карда мешавад.

Нархи обуна барои 1 сол - 80 сомонӣ аст.

Индекси обуна 68894.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 2-06-55 (идораи рўзнома) ва 6-39-74 (КВД «Почтаи тоҷик») муроҷиат намоед.

«Ҳақиқати Суғд» рўзномаи Шумост ва ҳамдаму ҳамнафаси Шумост!

Ба рўзномаи дўстдоштаатон обуна шавед!

Ҳайати таҳририяи рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh