Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист…

Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ маҳфили Рӯдакихонӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ-устоди  суханварони аҷам» баргузор шуд.

Дар маҳфил китобдорон ва ҳаводорони шеъри устод Рӯдакӣ доир ба «Осори Рӯдакӣ ва асарҳои тадқиқотии рӯдакишиносон» намоиши слайдӣ тамошо намуданд. Маърӯзаи сардори шӯъбаи таъбу нашри китобхона Шодӣ Шарафниё роҷеъ ба мавзӯи «Рӯдакӣ дар оинаи адабиёт ва адабиётшиносии тоҷик» дар ин маҳфил ҷолибу шуниданӣ буд.

Аҳли маҳфил аз эҷодиёти соҳибқирони шоирӣ порчаҳо қироат намуда, оид ба рӯзгору осори Рӯдакӣ сӯҳбатҳои судманд намуданд. Музокироти иштирокдорони маҳфил доири нақши Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик бисёр ҷолиб ҷараён гирифт.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh