Ҷилои атласи ҳафтранг

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо занону духтарони хонашини қаламрави вилоят дар Марказҳои ҳунаромўзӣ ба омўзиши ҳунари атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ  ҷалб гардида, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Аз нав эҳё гардидани ҳунари атласу адрасбофӣ ва таъсиси чунин марказҳо дар  шаҳру навоҳии вилоят, инчунин, таъмини онҳо бо дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ ба занҳои хонашин ва духтарон имкон дод бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд. Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ аз 23 июни соли 2016, №309 «Дар бораи гузаронидани озмун-мусобиқаи вилоятии «Адрасбофи беҳтарин», бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон ва ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон гардидааст.

Вобаста ба ин занону духтарон имрўз бо ин касби аҷдодии хеш машғул гашта, бо тарзу усулҳои гуногун ин намуди маҳсулотро бофта, пешкаши аҳолӣ намуда истодаанд. Банда хостам, аз фурўш ва то чӣ андоза бозоргир будани ин матоъҳои истеҳсоли ватанӣ дар дўконҳои шаҳри Хуҷанд огоҳӣ пайдо намоям.

Тавре аён гардид, дар растаи бозорҳои «Панҷшанбе»-и маркази шаҳр,  «Атуш» ва «Сомон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дўконҳои фурўши атласу адрас хеле зиёд гардидааст, ки кас аз тамошои рангҳои гуногуну ороишоти ин матоъҳо ҳаловат мебарад. Хушбахтона, имрўз мо матои аҷдодии худро  истеҳсол менамоему истифодаи он низ бе-зарар аст. Ҳамчунин, ҷилои рангоранги он ба тани бонувони мо зебанда аст. Дар растаҳои бозорҳо қариб 15 дўкони фурўши атласу адрас ба назар мерасад.

Соҳибкорзан Саодат Каримова: - Таи  солҳои охир бонувон ба харидории матои атласу адрас шавқу ҳаваси зиёд пайдо намудаанд. Матоъҳои атласу адрас аз сатҳу сифати пешина хеле беҳтар гардидааст. Барои мизоҷон мо аз атласу адраси ватанӣ ва хориҷӣ ба фурўш мебарорем, ки ҳар кадом тарзу усули худро дорад. 1 метр матои атласу адрас аз 8 то 40 сомонӣ арзиш дошта, аз рўи ороишот ва сатҳу сифати бирешим ва ресмонаш нархгузорӣ мегардад. Баъзе намудҳои матои атлас бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шудаанд, ки бисёртар арўсон харидорӣ менамоянд. Аз солҳои пешина имрўз матоъҳои атласу адрас харидорони зиёде пайдо кардаанд. Бубинед, мисли солҳои пешина ҳамаи занҳои мо атласу адрасро дар бар карда истодаанд, ҳам барои зан зебанда, ҳам сатҳу сифати он аз нахи пахта буда, барои саломатии инсон фоидаовар аст.

Фурўшанда, Зулфияхола чунин иброз медорад: - Ман хело хурсандам, ки  солҳои охир шавқу ҳаваси занҳои мо барои ба бар намудани куртаи атласу адрас зиёд гардида, зеби бонувону духтарони тоҷик шудаанд. Бештар занҳои мо дар тўю маъракаҳо аз матоъҳои аврупоӣ ва каму беш аз матои атласу адрас барои арўсон харидорӣ мекарданд. Имрўз шукргузор аз онем, ки дар замони тинҷиву оромӣ занҳо кормандони соҳаи  маориф низ  либосҳои  кориву расмиро аз матои атласу адрас дўзониданд. Ин нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги бою ғании миллии тоҷик мебошад.

Биҳомида Абдуллоева низ як зани ҳунарманди ноҳияи Ҷаббор Расулов буда,  дар баробари тарбия намудани фарзандон арўсонашро  бофтани матои атласу адрас омўхтааст. Имрўз  шукргузорӣ аз замони осоишта намуда, касби аҷдодонашро давом доданист. Ба гуфти ин зани чирадаст, ин касб ба вай ҳам нон, ҳам ном додааст, яъне аз паси ин пеша ҳам ризқу рўзии аҳли хонадон меёбаду ҳам обрўву эътибори баланд дорад.

Барои аз худ кардани ҳунаре кўшиш бояд кард,  ки доноён ҳунарро аз некўта-рин пешаи одамӣ ва беҳтарин фазилатҳо донистаанд. Касе аз ҳунаромўзӣ зарар надидааст. “Аз зари падар ҳунар беҳтар аст. Зарро сарф кунӣ, тамом шавад, ҳунарро сарф кунӣ, зиёд шавад. Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст” - гуфтаанд. Аммо чил ҳунар дошта бошию кору меҳнат накунӣ, меҳнатдўст набошӣ, ҳама ҳунарҳоят барбод мераванд. Дасти боҳунар оламро обод мекунад. Шахси меҳнат накардаву ранҷ накашида ганҷро соҳиб нагаштааст.

Агар хоҳем, ки зиндагиамон  хуш гузарад, бояд кору меҳнат кунем, агар ҳунаре дошта бошем, онро ба кор барем. Ранҷи имрўза осудагии фардост.  «Зи осонӣ наёяд шодкомӣ, зи беранҷӣ наёяд некномӣ» - гуфтаанд. Ба роҳате нарасад он, ки меҳнат намекунад. Меҳнати имрўза пагоҳ роҳат аст.  Ин аст насиҳати ҳамешагии зани ҳунардўст Биҳомида Абдуллоева.

Соҳибкорзан А.Давлатова: - Адрасу атлас матои зебанда, хусусан барои бонувони  тоҷик шинаму зебост. Меҳмонон аз давлатҳои хориҷа ҳар боре ташриф меоранд, ҳамчун армуғон матои атласро аз Тоҷикистон мебаранд, ки ин ҳам фахри мост.

Имрўз матои атласу адрас харидорони худро доштанд. Матои атласу адрас нақшу нигори бисёр ва намудҳои гуногун дошта, вобаста ба намуд ва  сифат нархгузорӣ мешавад.

Бонуи тоҷик бо либоси миллии хеш дар ҷаҳон муаррифӣ гардида, бофтани атласу адрас давом додани касби аҷдодони худ аст ва бигзор ба ҳар бонуи тоҷику тоҷикистонӣ атласи тоҷик зебанда бошад!

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh