Ифтитоҳи чойхонаи «Бӯстон»

Дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-солагии шаҳри Бӯстон ҷиҳати бунёди марказҳои фароғатӣ ва муассисаҳои хизматрасонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ иқдомҳои судманд роҳандозӣ гардида, ифтитоҳи муассисаҳои таъиноти гуногун ба роҳ монда шудааст.

Бо ин мақсад чойхонаи миллии «Бӯстон» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар бинои он дар баробари чойхона, дигар марказҳои хизматрасонӣ низ мавҷуд аст.

Ин иншооти замонавӣ бо харҷи 245 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои 30 ҷои корӣ мебошад.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh