Тарғиби либосҳои миллӣ

Ҷиҳати вусъати корҳо оид ба тарғиби либоси миллӣ, пешгирии омилҳои бегонапарастӣ дар мисоли ба бар намудани либоси ба фарҳанги миллати мо бегона имрўзҳо бо ибтикороти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад чанде қабл дар толори Қасри маданияти шаҳр бо иштироки зиёда аз 60 нафар занону духтарон фестивал-озмуни “Либосҳои миллӣ” баргузор гардид. Фестивал – озмун аз рўи 4 шарт байни тарроҳон ва хоҳишмандон баргузор гардида, дар он беҳтарин намуди либосҳои миллӣ, аз қабили намоиши либосҳои кўдакона, рўзмарра, қадима ва идона дар тарҳи наву муосир ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал - озмун намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Наҷминисо Комилова ба ҳунару завқи иштирокдорон баҳои баланд дод. Дар интиҳо ба ғолибон ва тарроҳон ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин фестивал-озмун тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят идома дошта, ғолибон дар фестивали вилоятии “Либосҳои миллӣ” ширкат хоҳанд кард.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бўстон

Add comment


Security code
Refresh