Шӯриши соли 1916 дар таърихнигории тоҷик

Конфронси илмӣ бахшида ба 100-солагии Шӯриши соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Шӯриши соли 1916-оғози ҷунбишҳои халқӣ дар Осиёи Миёна» бо ибтикори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва Осорхонаи таърихии вилоят баргузор гардид.

Профессори кафедраи таърихи ватани факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров-Усмонҷон Fаффоров дар бораи «Шӯриши соли 1916 дар таърихнигории тоҷик» маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Россия, хосатан, ба иқтисодиёти Осиёи Миёна ва ноҳияҳои тоҷикнишини он таъсири харобиовар расонд. Кашонда овардани молҳои саноатӣ бағоят кам шуда, аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом ва озуқаворӣ баръакс ниҳоятдараҷа афзуд. Дар натиҷа вазъияти хоҷагии халқи кишвар ва аҳволи табақаҳои меҳнатии аҳолӣ беш аз пеш вазнин шуд. Ба сабаби бисёр паст фуромадани нархи пахта хоҷагии пахтакорон хароб гардида, солҳои 1915–1916 дар Осиёи Миёна бӯҳрони ба худ хоси хоҷагӣ сар зад, ки ин боиси норозигии пахтакорон шуда буд. Ба ғайр аз ин, андозҳо хеле афзуда, аспҳоро барои эҳтиёҷоти ҷанг мегирифтанд. Нархи молҳои сермасраф фақат дар зарфи як сол (1915– 1916) 2–3 баробар гарон гардид. Дараҷаи зиндагии аҳолӣ хеле паст фуромад.

«...мувофиқи хабарҳое, ки ба шӯъба мерасанд, аҳолии маҳаллӣ бениҳоят ба ғазаб омадааст ва сабабаш овозаҳое мебошад, ки одамони пулдори босавод метавонистаанд худашон ба мардикорӣ нараванд, рафта хандақковӣ накунанду ба ҷои ин маблағи муайян диҳанд. Дар бозору чойхонаҳову дигар ҷойҳо гап-гап шудааст, ки агар бойҳо ба мардикорӣ гирифта нашаванд, камбағалон ҳатман шӯриш мекунанд ва худашон ин гуна бойҳоро кушта мепартоянд» оварда шудааст дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Fафуров.

- Бале, ҳамин тариқ ошӯбҳои аввалин дар шаҳри Хуҷанд сар шуданд. Аз рӯи тақсимот мувофиқи вилоят ва уездҳои кишвари Туркистон уезди Хуҷанд бояд 9 ҳазор мардикор медод. Ба мардикоргирӣ 4-уми июли соли 1916 бояд шурӯъ мекарданд. Опричники подшоҳӣ, губернатори ҳарбии Самарқанд Н.С.Ликошин рӯйрост таҳдид мекард, ки дар сурати саркашӣ кардан мардикорон ба воситаи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда хоҳанд шуд. Хашму ғазаби омма уезди Хуҷандро фаро гирифт,- суханони Усмонҷон Fаффоровро тақвият дод номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватани ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Шавкат Шарифов.

Маърӯзаи дигар аз ҷониби доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи ватани донишкадаи мазкур И. Мамадалиев таҳти унвони «Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд аз нигоҳи асри ХХ1» ва «Омилҳои таърихӣ ва сабабҳои сар задании шӯриши соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд» мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири осорхонаи таърихии МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» М.Хоҷаева пурмазмуну пурмӯҳтаво буда, барои таърихнигорон ва онҳое, ки дӯстдори имрӯзу ояндаи кишвари худ ҳастанд, дастури муфидест.

Конфронси илмӣ бо сайри илмӣ аҷом пазируфт.

Шоира КАРИМЗОДА

Add comment


Security code
Refresh