Маросими лавҳагузорӣ ба хотири кишоварзи асил

Дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Зарбед кӯчаи наве номи Набиҷон Иномовро дорад. Корманди шоистаи Тоҷикистон Набиҷон Иномов солҳои зиёд дар хоҷагии овозадори «Москва» заҳмат кашида, баъди Қаҳрамони Меҳнат Энаҷон Бойматова зимоми корро ба даст гирифт ва шӯҳрати ҷамъияти саҳҳомии ба номи ин қаҳрамонзанро боз ҳам боло бурд.

Дар рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саргаҳи кӯчаи ба номи Набиҷон Иномов маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдбуд баргузор шуд. Пардаро аз рӯи ин тахтасанг Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва кадбонуи хонадони Иномов – Дилбархон Иномова бардоштанд. Сипас шаҳрдор дар бораи роҳи тайкардаи Набиҷон Иномов, фидокориҳои ӯ дар ҷодаи хидмат ба ҷомеа суханронӣ намуд. Қайд кард, ки зиндагинома ва кору пайкори ин деҳқони варзида мисоли барҷастаи садоқату меҳнатдӯстӣ буда, фаъолияти пурбаркати ӯ барои насли имрӯзу фардо шоистаи ибрат ва намуна ба шумор меравад. ӯ тавассути кордониву масъулиятшиносӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун-пахтакориву тухмипарварӣ, чорводорӣ, сабзавоту мева саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчунин, аз ободкориҳои устод ба мисли гузаронидани хатти гази табиӣ дар ҳудуди ҷамоат, сохтмони коргоҳҳои консервбарорӣ, истеҳсоли панир, макарон, коркарди хӯроки чорво, бунёди кӯдакистон бо фарогирии 140 нафар кӯдак ёдовар шуд.

Шаҳрдор изҳори боварӣ кард, ки сокинони сарбаланди ин маҳал тавассути кору фаъолияти некашон ҳамеша қадру манзалати ин деҳқони варзидаро гиромӣ медоранд.

Баъдан ҳамкорону ҳамсолон, шарикдарсон ва пайвандони Набиҷон Иномов аз ҳаёти ин марди шариф қиссаҳои ибратомӯз карданд.

Ному кори неки чунин инсонҳои фарзона бо гузашти солҳои зиёд низ дар қалби мардуми шариф боқӣ хоҳад монд.

П.Абдуллоева

Add comment


Security code
Refresh