Ғолибият дар Фестивали гулҳо

Тавре маълум аст, санаи 18-уми июни соли равон дар назди бинои Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти садои карнай чорабинии Иди зардолу ва дар маҷмаи таърихии «Қалъа Хуҷанд» Фестивали гулҳо бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.

Дар кори фестивал намояндагии коргоҳу муассисаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат варзида, намудҳои гуногуни зардолу ва гулҳои ороиширо ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар баробари дигар коргоҳу муассисаҳо намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Бӯстон низ ширкат варзида, дастагулҳои мевагӣ ва гулҳои ороишии ҳархеларо ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби иштирокчиён сазовори баҳои баланд гардид.

Гулҳои экибанаи оростаи масъулини беморхонаи шаҳрии шаҳри Бӯстон низ дар ин озмун ба намоиш гузошта шуда, ба гирифтани мақоми дувум сазовор гардид. Ба масъулин дар фазои тантанавӣ диплом барои ширкат фаъолона дар озмун ва гирифтани мақоми дувум ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Масъулини беморхонаи шаҳрӣ ин дастовардро дар «Соли 2016-соли фарди солим» яке аз нишондиҳандаҳои назаррас медонанд.

Мамнур Нурзода

Add comment


Security code
Refresh