Ғояҳои Ваҳдат дар Осорхонаҳо

Мо, устодони макотиби олӣ, барои ҳушдори ҷавонон ва ба қадри замони осоишта расидан усулҳои гуногуни таълиму тарбияро истифода мебарем. Яке аз роҳҳои беҳтарин ин сафарбар кардани донишҷӯён ба осорхонаҳо мебошад. 

Имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии ҷавонон яке аз шартҳои аслии инкишофи устувори давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин рисолати осорхонаҳо ба гӯши ҳуши ҷавонон расонидани ҷавҳари Истиқлолият, Ваҳдат ва андешаҳои миллӣ  аст. Дар ҳар давру замон ҷавонони  дорои донишу маърифати баланд ва ахлоқи шоиста метавонанд ба рушду шукуфоии давлату миллат саҳми арзанда гузоранд ва Осорхонаҳо метавонанд дар радифи дигар сохторҳои тарбиявӣ ҷавононро чун вориси арзандаи давлату миллат, созандаи имрӯзу фардои Тоҷикистон тарбия намоянд. Инро ҳангоми дидани деворнигораи «Тоҷикистони соҳибистиқлол»-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, таблуҳои «Ваҳдат» ва «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ»-и Тоҷикистон дар масири таърихи Қасри фарҳангии Арбоб ва «Самараи Истиқлолият»-и осорхонаи академик Бобоҷон Ғафурув  ба вуқӯъ мепайвандад.  Дар Осорхонаи вилоятӣ бахши «Тоҷикистони соҳибистиқлол», ба се қисмат ҷудо шуда,  асосан аз расму ҳуҷҷат ва санадҳо иборат аст ва баҳри муаррифии  самараи талошҳои ақли солим  ва зина ба зина шукуфоии Тоҷикистонро ба маърази тамошо мегузорад, ки ҷавҳари он Ваҳдат аст. Агар дар қисматиякум расмҳои яъсу ноумедӣ ва беҳокимиятӣ пешорӯи тамошогарон гузошта шуда бошад, дар қисмати дуюми он аксҳои муҳокимаи рамз, Оши оштӣ, гуфтушунид ва мулоқот бо гурӯҳҳо ва шахсиятҳои алоҳида гузошта шудааст.

Қисмати сеюм бо яке аз муқаддасоти Тоҷикистон оғоз мегардад, ки нишони Истиқлолият ва соҳибдавлатист.

Дар толори «Тоҷикистон дар масири таърих»-и  Қасри фархангии Арбоб  бо аксҳо ва китобу санадҳо ин мақсад ифшо мегардад, ки таъсироти хоса дорад.  Хусусан, аксҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай Созмони ҳамкории иқтисодии Аврупо ва Осиё, дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гувоҳи равшани мақоми созанда ва шоистаи кишвари мо дар ҷаҳони мураккабу ҳассоси оғози асри ХХI мебошад.
Хотимабахши намоишгоҳи Осорхона таблуи аксҳои Қаҳрамонони миллии Тоҷикистон аст.

Ҳамин тавр, осорхонаҳо ба қадри имкон дар эъмори ҷомеаи мутамаддин  мусоидат  намуда, таҳкими Сулҳу Ваҳдатро тақвият бахшида, ғояҳои Ваҳдатро тарғибгар аст.

Кибриёхон АТОЕВА,
устоди кафедраи гуманитарӣ- иҷтимоии
ДКМТ номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh