Дар ҷодаи рушди фарҳанг

Мо фарҳангчиён талошу ҷоннисориҳои Сарвари мамлакатро медонем ва итминони комил дорем, ки ӯ аз лоиқтарин пешвоёни миллат дар дунёст ва месазад дар атрофии чунин шахсияти сарсупурдаи миллат сарҷамъ бошем, ба ватани худ ва рушду суботи он содиқона хизмат намоем.

Мо аҳли санъат медонем, ки ӯ чи гуна ба фарҳанг арз мегузораду онро «Ҳастии миллат» меномад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ғамхору парастор ва пуштибони фарҳанги миллист.

Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат рӯзи 20-уми март зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар дар бобби таълифи асарҳои тозаи адабӣ ва саҳнавӣ гуфт, ки омода аст аз фонди махсуси худ барои нашри китобҳои нав маблағ ҷудо кунад, аммо сифати асарҳо бояд баланд бошанд.

ӯ афзуд:

«Эҷод кунед! Чоп карданаш тани мо! Аммо чунин бояд асар эҷод кард, ки мардум кобанд, чӯянд… мардум маҷбуран китоб намегиранд. Мардумро ба театр ҳам маҷбур бурда намешавад. намоишнома бояд тарзе омода шавад, ки мардумро ҷалб кунад. Баъзе аз ходимони театр ҳоло гила мекунанд, ки театрҳо холӣ хастанд. Театр холӣ нест, мо холӣ ҳастем!

Ба хотири он, ки соли 2016 мо 25-солагии Истиқлоли давлатии Ватанамонро дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанием, бисёр мехостам фестивалҳои минбаъдаи театрҳои тоҷик низ бахшида ба ин иди бузург ва муҳими давлатӣ, дар сатҳи баланди эҷодӣ ва ташкилӣ барпо гарданд.

театри имрӯзаи тоҷик ба проблемаи ҳалнашуда – наомадани тамошобин ба театр мубтало гардидааст, ки ин ҳамаро ба ташвиш андохтааст.

Баъзе ходимони санъат дар ин боб тамошобинро гунаҳкор медонанд. Гӯё онҳо аз ҳаёт қафо монда, адабиёти бадеӣ намехонанд, фаҳмишашон ба театр намерасад. Ман ин баҳонаро мутлақо нодуруст меҳисобам. Кандашавии алоқаи театр бо тамошобин якчанд сабаб дорад.

Театр бояд бо мақсади алоқаи доимӣ доштан бо тамошобин тамоми мавсим намоишномаҳояшро бе таваққуф пешкаши тамошобин гардонад.

театр бояд ҳамқадаму ҳамнафаси замон бошад. Ин даргоҳи ҳунар вазифадор аст, ки асарҳои баландғояву пурмазмуни дорои мавзӯи муҳим ва забони ба мардум фаҳморо таҳия намояд. Як худи Қонун «Дар бораи масъулиятии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саропо мавзӯи замонавист. Аз тарафи ноболиғон содир шудани ҷинояти вазнини одамкушӣ, бо дасти баъзе модарон ба ҳалокат расонидани тифлони навзод, дуздидани молу амвол, ғоратгарӣ, қаллобиву роҳзанӣ, нашъаҷаллобиву худкушӣ магар мавзӯи доғи рӯз нест? Парвандаи ҷиноии ҳар яки онҳо як асари пурраи фоҷиавию драмавист.

Ҷалб намудани тамошобин ба театр аз рекламаву эълонҳо низ вобастагӣ дорад. Дар замони Шӯравӣ театру муассисаҳои консертии шаҳр дар 4-5 нуқтаи шаҳр рекламаҷойҳои махсуси зебо доштанд. ҳоло дар ягон гӯшаи шаҳр ин гуна рекламаҷойҳо мавҷуд нест.

Театру муассисаҳои консертии давлатии бечора ба тайёр кардани чунин рекламаи бо карруфар маблағ надоранд.

Театри имрӯзаи мо аз камбизоатӣ, барои тайёр кардани ороиши спектакл (декор, либос, бутофор ва асбобу анҷоми рӯшноӣ) маҷбур аст, ороиши саҳнави спектаклҳоро ба тарзи рамзӣ-шартӣ ҳал намояд, ки ин ба мазмуну мундариҷаи пйеса мувофиқат надошта, ба боварии тамошобин маъзур нест.

Миёни театру муассисаҳои консертӣ ва телевизиону радиои вилоят бояд ҳамкории устувори эҷодӣ бошад. Зеро ҳам муассисаҳои санъат ва ҳам телевизиону радио як вазифаи наҷиб-тарбияи маънавии мардумро ба ӯҳда доранд. Аммо телевизиону радио дар масъалаи тарғибу ташвиқи санъаткорони касбии театр камаҳамиятӣ зоҳир мекунанд..

Маоши ҳунармандони театру муассисаҳои консертӣ аз маоши фаррошону посбонҳои бонкҳои шаҳру ноҳия камтар аст ва бо ҳамин ваҷҳ аллакай як қисм ҳунармандони босалиқа театрҳоро тарк намуда, ба мардикорӣ ба Руси яраҳсипор мешаванд ва қисми дигар ихтисоси бозоргониро пеша кардаанд, ки ин мушкилоти театрҳоро хеле зиёд мекунад.

- Вобаста ба ин бояд эътироф намуд, ки мо драманавсиони варзидае дорем, ки хуб эҷод мекунанд ва берун аз ҷумҳурӣ низ шӯҳрат доранд. Драманависон Ато ҳамдам, Нур Табаров, С.Ҷило, Иброҳим Усмонов, А.Файзиев, Атахон Сайфуллоев, Муҳиддин Хоҷазод, Ф.Ансорӣ, С.Сафаров, Ҷ.Қудус, Т.Озарахш, Тӯрахон Аҳмадхонов, Шодӣ Солееҳов, Нурулло Абдуллоев, ҳ.Раҳимов ва дигарон. Онҳо чандин сол боз бом еҳнату матонати сермаҳсул ва бо асарҳои хушобурангашон театру мухлисони санъатро баҳравар мегардонанд.

Бояд арз намуд, ки театр яке аз воситаҳои муҳими тарбияи маънавии омма буда, нисбат ба дигар намудҳои санъати бадеӣ ба тамошобин таъсири амиқи ҳамаҷониба расонида метавонад. Зеро, ки ҳунарманд рӯбарӯи толор, паҳлӯи тамошобини сершумор истода нақш меофарад, шарики воқеии рӯйдодҳои саҳна аст ва ҳар чизеро, ки мебинад, ҳамонро бо маҳорату истеъдоди ба худ хос намоиш медиҳад.

ҳамаи мо бояд театри худро дӯст дорем ва ба қадри заҳмати қаламкашони ҳунармандон бирасем, зеро камолоти ҳунарварии онҳо ба камолоти маънавии ҷомеа мусоидат мекунад.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мардуми вилояти Суғд иштирок фаъолонаи аҳли ҳунару адаб, ҷашнхои бузурги мамлакатро бо рӯи сурху сари баланд, дар рӯҳияи садоқат ба халқу диёр, гиромидошти анъанаҳои ниёгон ва дарки волои худогоҳиву худшиносӣ сазовор истиқбол мегиранд.

ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат, фарҳангпарвари асил, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни мулоқот бо аҳли санъату ҳунар зикр карданд:

«Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ва маҳз, хамин фарҳанги воло дар хама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст, оҳангсозону санъаткорон, актёрону реҷиссёрон… ҳамаи равшанфикрони ҷомеаи мо барои пешрафти соҳаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ заҳмат кашидаанд».

Сайрам ИСОЕВА,
ҳунарманди Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Барандаи Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh