Ганҷи сухан бахшида ба Рӯзи Ваҳдат

Дирӯз нишасти 140-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣдар  толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ боКумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ширкати 200 нафар ихлосманди каломи бадеъ баргузор гардид.

Масъули маҳфил номзади илмҳои суханшиносӣ дотсент Саидумрон Саидов дар ибтидо ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ Рӯзи Ваҳдат муборакбод намуд бо барномаи навбатии маҳфил ҳозиринро ошно кард. СараввалРаиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Сарфароз Юнусов дар мавзӯи “Ваҳдат ва пойдории миллат” аз хидматҳои беназири  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар барқарор намудани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сухан намуд. Махсусан, оид ба арзиши илмиву таърихии китоби  “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” дар маърӯзаи пурмӯҳтавои худ Сарфароз Юнусов зикр кард, ки Пешвои миллат масъалаи таърихнигорӣ ва аҳамияти таҳқиқи таърихро аз масъалаҳои муҳим шуморида, донистани таърихи гузаштаи  чӣ дуру чӣ наздикро дар камолоти шахсият ва ташаккули ҷомеа дорои аҳамияти аввалиндараҷа медонанд. Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз ориён то Сомониён”  агар аз як ҷониб ифодагари меҳру аҷргузорӣ ба гузаштагони сарбаланди мо бошад, аз ҷониби дигар баёнгари дониши баланд ва истеъдоди фавқулоддаи паҷӯҳишгарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Сипас доир ба  навгониҳои илмиву адабӣ ва  фарҳангӣ номзади илмҳои филология, дотсенти ДДҳБСТ Исломҷон Раҳимов баромад карда , ҳозиринро бо тозатарин китобҳои интишоршуда ошно кард.

“Донишномаи Рӯдакӣ “ ва присипҳои таълифи донишномаҳо. Чунин унвон дошт маърӯзаи узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори  илмҳои  филология, профессор Мирзо Муллоаҳмад. Ин олими номвар оид ба натиҷаи корҳо дар мавриди таҳияи “Донишномаи Рӯдакӣ” маълумот дода, пешниҳод намуд, ки бахшида бо 700 солагии Камоли Хуҷандӣ “Донишнома (энсиклопедия)-и Камоли Хуҷандӣ тартиб дода шавад. ӯ изҳори боварӣ кард, ки нерӯи зеҳнӣ ва потенсиали илмии олимони вилоят барои дар сатҳи баланди илмӣ таҳия ёфтани ин китоб мерасад. Дар ситоиши Ваҳдати миллӣ  адибони ваҳдатсаро   Гулноз ва Адиба шеърҳои тозаэъҷодашонро қироат намуданд ва аз номи аҳли адаб ҳозиринро бо иди Ваҳдат табрик намуданд.

 Номзади илмҳои филология, дотсент, устоди  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муртазо Зайниддинов дар мавзӯи “ Нигоҳе ба равобити адабиёти халқҳои тоҷику тотор” оид ба таърихи дуру дарози   робитаи ин ду миллат маърӯза намуд. ӯ қайд кард, ки дар адабиёти тотор, махсусан осори шайх Саъдӣ мақоми хоса дорад.

Дар бахши  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  номзади илмҳои таърих , дотсент Исомаддинов Ҷӯрабек  дар мавзӯи “ Нақшу нигори миллӣ дар  қолинҳои  Қайроқум баромад карда оид ба таърихи ин ҳунари миллӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод кард.

 Заррина КАРИМОВА,
магистранти ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh