Нахустин муассиси мактаби мусиқӣ дар Ашт

Оби зулол ва мусаффои чашмасорону рўди деҳа, обу ҳавои хушу гуворои рўҳнавоз то ба имрўз сарчашмаи илҳом, болу парвози орзуи ҷавонони соҳибистеъдоди деҳаи Ашт мебошанд. Ва дар ин самт санъатдўстдории Нарзулло Ҳабибов низ ин ҷо истисно нест.

Ҳанўз дар синфи панҷум таҳсил карданаш меҳри мусиқиву суруд ўро ба маҳфили санъаткорони мактаб пайваст.

–Падарам ҳамеша орзу мекарданд, ки ман санъаткор шавам, зеро дорои овози хуб будаму шавқу завқи зиёд ба навозандагӣ доштам,–навиштааст дар хотираҳояш шодравон   Нарзулло Ҳабибов,-Ба маҳфил Парпиқул Насибалиев, донандаи асрори нозукиҳои шашмақому навохтани асбобҳои мусиқии миллӣ роҳбарӣ мекард ва аз ў нозукиҳои навохтани рубоб ва торро бо як самимияти беандоза омўхтам.

Нарзулло Ҳабибов соли 1964 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин, ба факултаи филологияи тоҷик дохил мешавад. Дар баробари таҳсили хубу аъло, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ  меҳри санъат ҳамеша дар қалбаш чун чашмаи кўҳсорон доимӣ туғён дошт. Ин ҷост, ки бо ҳамсабақони дигар, дўстдорони мусиқӣ соли 1967 иқдоме зоҳир мекунанд оид ба таъсиси як дастаи ҳунарии санъаткорон аз ҳисоби соҳибистеъдодҳои ҳамаи факултаҳо бо номи «Наврўз» дар назди Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин. То анҷоми таҳсил дар Донишгоҳ Нарзулло Ҳабибов аз ҷумлаи фаъолтарин аъзои ин дастаи ҳунарӣ буда, бо оҳангу сурудҳои дилнишинаш миёни донишҷӯён ва устодон ангуштнамо буд.

Фаъолияти кориашро соли 1970 ба ҳайси лектор дар ҷамъияти «Дониш»-и шаҳри Хуҷанд (он вақт Ленинобод) оғоз бахшида бошад ҳам, аз суруду мусиқӣ дар канор набуд. Дар ҳалқаи ҳамкорону пайвандон, дар маъракаҳои дўстон менавохту месароид.

Соли 1971 ба мактаби миёнаи ба номи Умари Хайём ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба кор даромада, ин ҷо низ чун нафари соҳибтаҷриба гурўҳи ҳаваскорони санъати мактабро низ роҳбарӣ кард.

Бо дарназардошти истеъдоди баланду ташкилотчии моҳир буданаш ўро соли 1973 ба маркази ноҳия шаҳраки Шайдон ба кор даъват карданд. Дастур шуд, ки бояд ҷиҳати тарбияи соҳибистеъдодони навраси ноҳия мактаби мусиқии бачагонаро ташкил кунад. Нарзулло Ҳабибов бо масъулияти басо ҷиддӣ ва бо шавқи он ки дар ноҳия мактаби махсуси мусиқӣ кушода мешавад зуд, самимона ва бо ҷидду ҷаҳд аз паси корҳои ташкилӣ шуд. Нахуст ҷиҳати дастрасии асбобҳои мусиқии миллӣ ӯ ба шаҳри Қўқанди ҷумҳурии ҳамсоя, ки он ҷо ҳам театр фаъолият дошта ҳам чандин мактаби мусиқӣ  ба он ҷо сафари корӣ анҷом дода, ҳамаи намуди асбобҳои мусиқиро ба Шайдон меоварад. Ва бо ҳамин дар ноҳия аввалин мактаби мусиқии бачагонаи №1 кушода шуда,  наврасони соҳибистеъдодро қабул мекунад ва роҳбарии онро ба ўҳда мегирад.

Дар ҷумҳурӣ бори нахуст ба хотири ривоҷу равнақи санъати сарояндагиву мусиқинавозӣ ва оммавияти он соли 1974 озмуни телевизионии «Бўстон 1» доир мешавад. Нарзулло Ҳабибов ба ҳайси роҳбари бадеӣ бо дастаи хонаи маданияти ноҳияи Ашт дар ин озмун иштирок ва бо барномаи рангину пурмазмунаш сазовори ҷои аввал мешавад. Дар баргузории «Бўстон 2», ки моҳи апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе доир мешавад Нарзулло Ҳабибов бо суруди классикии «Қўшчинор» баҳои аз ҳама баланд 10 балро мушарраф мегардад ва аҳли толори пур аз тамошобинон ҳама аз ҷой бархоста, бо кафкўбии пурмавҷ ўро истиқбол мегиранд.

Баъдан боз дар чандин озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ низ Нарзулло Ҳабибов чун як ғолиб эътироф шуда, миёни дўстдорони санъат маҳбуб мегардад. Мавсуф аз соли 2001 то соли 2006 роҳбарии хонаи маданияти ноҳияи Аштро ба ўҳда дошта, дар ин муддат ўро муяссар мешавад, ки дастаи шашмақомхонони ноҳияро таъсис диҳад.     

Шароити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ он солҳо водор месозад, ки мудате бошад ҳам ба деҳаи азизаш Ашт бозгардаду дар мактабе, ки он ҷо таълим бардоштаасту чун устод ҳам фаъолият кардааст ба мактаби ба номи Умари Хайём бозгардад. Аммо табиист, ки ӯ лаҳзае ҳам аз санъат, мусиқиву суруд дар канор набуд. Ба шашмақомхонони ҷавони ноҳия сурудҳои классикиро меомўзониду барномаҳои гуногуни мусиқӣ таҳия ва санъаткорони наврасро ба озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва омода мекард.

Дар давоми фаъолияти кориаш шогирдони зиёдеро аз қабили Ҷ. Воҳидҷон, Мақсуди Аштӣ, М.Алиҷон, М.Машокиров, Қ.Маъмурҷон, К. Отаев, Азиз Ғиёсиддинов, Э.Шоҳрух ва Ҳ.Дамирҷонро тарбия кардааст.

Нарзулло Ҳабибов то лаҳзаҳои вопасин содиқу вафодор ба мусиқу буду бо суруд. Ў соли 2012  бо ин дунёи фонӣ падруд гуфта бошад ҳам, то имрўз аз хотири дўстдорони санъат зудуда нашудааст ва ҳамеша вирди забон буда, дар ҳар маъракаву чорабиниҳо ноҳия ёд аз ин устоди санъат мекунанд.

Ҷовиди АШТӢ

Add comment


Security code
Refresh