Маҳфили Хайём дар “Тарабхонаи Хайём”

Бо ташаббуси садорати маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти илмиву адабӣ дар тарабхонаи “Умари Хайём”-и шаҳри Хуҷанд,  бахшида ба Рӯзи Хайём бо иштироки олимон, адибон ва ихлосмандони адабиёт таҳти унвони “Ҳаким ва шоири ҷаҳонӣ” баргузор гардид.

Дар маҳфил адибону олимон, мухлисони рубоиёти Хайём, соҳибони касбукори гуногун ҷамъ омада, аз паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолияти ҳаким Умари Хайём сӯҳбат карданд. Садри маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов  баругузории ин маҳфилро бахшида ба Рӯзи Хайём ва 25 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут эълон дошт ва филмномаеро аз рӯзгори ҳаким Умари Хайём ба маърази тамошо гузошт.

Дар мавзӯи “Хайём – ҳакими тавоно ва шоири оламгир” маърӯзаи номзади илмҳои  филология дотсент, адабиётшинос ва шоир Нуралии Нурзод шунида шуд. Нуралии Нурзод перомуни рубоиёти аслии шоир оид ба ҳунари суханварӣ ва ҳикмати баланди Умари Хайём изҳори назар кард. Сипас, Масъуди Аҳмадванд намояндаи фарҳангии Ҷумҳурии иломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд бо мавзуи “Хайём ва ҷаҳони фалсафаи ӯназди ҳозирин аз фалсафаи ҳасту нест суханронӣ намуд.”Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва арзиши таърихии он. Чунин ном дошт маърӯзаи номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исомаддинов, ки оид ба  арзиши илмиву таърихии “Наврӯзнома” доманаи баҳсро во кард.

Дар Ҷойгоҳи  Умари  Хайём дар шеъри  муосири тоҷик”  номзади илмҳои филология дотсент Баҳром Мирсаидов оид ба таъсири Хайём ба адабиёти муосир бо мисолҳои фаровон ибрози назар кард. Шоирон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Абдуҷаббори Суруш аз девони рубоиёташон ба эҳтироми Умари Хайём рубоиҳои наву тоза қироат карданд.

 Заррина КАРИМОВА,
 магистранти ДДХ ба номи
 академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh