“Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ”

Санаи 2-уми июни соли равон дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони “Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ” баргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ширкат ва суханронӣ карда, нақши маҷаллаву фаслномаҳоро дар инъикоси масоили худшиносии миллӣ таъкид намуд. Ҳамчунин, сармуҳаррирони муҳимтарин маҷаллаҳо, аз ҷумла Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ – дабири масъули «Ахбор»-и АИ ҶТ ва Шодӣ Шокирзода – сардабири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» аз пойтахти кишвар ва Толиб Карими Озарахш – сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд”, Нуруллохон Ғиёсов – ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи “Ахбор”-и ДДҲБСТ, Фахриддин Насриддинов – сармуҳаррири фаслномаи илмӣ-адабии «Камоли Хуҷандӣ» гузоришҳои худро пиромуни самтҳои фаъолияти маҷаллаҳои илмӣ-адабӣ ироа карданд.

Дар қисмати поёнии конфронс муҳаққиқони варзидаи кишвар, олимон ва адибон роҷеъ ба нашрияҳои даврони Истиқлолият изҳори назар намуданд. Дар ҷамъбастмасъулони маҷаллаҳои илмӣ ва муҳаққиқони ҷавон бо ҳадяҳои Раиси вилоят қадршиносӣ шуданд.

Бино ба иттилои масъулини баргузории ин ҳамоиш ҳадафи конфронс  инъикоси ғамхориҳои давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт дар мисоли маҷаллаву фаслномаҳои илмии кишвар ва таъкиди саҳми нашрияҳои мазкур дар ташаккули худшиносии миллӣ мебошад.

Сурайё Ҳакимова

Add comment


Security code
Refresh