Эй тифлаки ман, субҳи уммеди манӣ…

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати 1-уми июн  Рўзи байналмилалии кўдакон макони идгоҳро мемонд. Дар ҳар растае, ки зебо ороста шудааст, кўдакону наврасон, писаракону духтаракони гулрўй дар бар либосҳои рангобарангу афсонавӣ ҳамроҳи устодон ва мураббиёни худ саф оростаанд. Растаҳоро маҳсули ҳунари дастони ин гулғунчаҳои боғи умед шаҳомати хосае дода буд.

Макотиби таҳсилоти умумии шаҳру навоҳӣ, гимназияву литсейҳо, кўдакистону марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ эъҷози дастони дастпарварони хешро ба намоиш гузошта буданд, ки аз сўзаниву қолин, кашидадўзиву тарҳи биноҳои баландошёнаву киштиву ҳавопаймоҳо иборат буданд. 

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  кулли кўдакону наврасонро бо ин рўзи муборак табрику муборакбод намуда, аз дастовардҳои солҳои охир ва нақшаҳои минбаъдаи соҳаи маориф, дастгирии толибилмону наврасони ҳунарманду эҷодкор ёдовар гашт. Аз ҷумла, ў қайд кард, ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зисту зиндагӣ, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, истироҳат дар лагерҳои солимгардонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Алҳол истироҳатгоҳҳо дар таътили тобистона барои кўдакону наврасон омода гардида, имсол ҳам толибилмони ятиму бепарастор ройгон бо истироҳат ва таълим фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилоят дар бораи озмунҳои фаннии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки барои ғолибони озмунҳои сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои судманд андешида шудааст. Бо мақсади арҷгузории заҳмати омўзгорон ва дастпарварони онҳо, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ мегарданд, мукофотҳои хосаи Раиси вилоят таъсис дода шудааст. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои мамолики дур иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардидаанд, ҳамроҳи омўзгори фаннӣ бо 25 ҳазор сомонӣ, мақомҳои дуюм ва сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ, толибилмоне, ки дар олимпиадаҳои кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳибони медали тилло шудаанд, 15 ҳазор сомонӣ, медали нуқра ва биринҷӣ бо панҷ ҳазор сомонӣ ва се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда хоҳанд шуд. 

Дар поёни суханаш Раиси вилоят кулли кўдакону наврасон - ояндабахшандагони  ҷамъиятро бо иди фирўз муборакбод карда, ба волидайн, омўзгорону устодон ва мураббиёни муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ муроҷиат карда, изҳор дошт, ки барои ояндаи кишвар фарзандони арзандаро ба камол расонда, чун насли ояндасоз ҷумҳурии офтобрўяамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.

Садои пурнакҳати ғунчаҳои боғи ҳаёт, суруду таронаҳои дилангез ва қироати шеъру саҳначаҳо аз ҷониби кўдакону наврасон ва толибилмон чорабиниро шукўҳу шаҳомати хоса бахшид.

Сипас, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз растаҳое, ки дастпарварони Марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ, хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, литсею гимназияҳо, кўдакистонҳо, мактабҳои варзишии наврасони шаҳру навоҳӣ ба намоиш гузошта буданд, дидан намуд ва ба дастранҷи бачагон баҳои баланд дод.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh