Рўнамои «Пайраҳаҳои пурпечутоби қисмат»

Дар толори шӯъбаи маориф маросими расмии рўнамоии китоби полковники мустаъфӣ, нафақагири кумитаи амният Султон Каримбердиев «Пайраҳаҳои пурпечутоби қисмат», доир гардид. Он чанде пеш дар нашриёти ҶСК «Наби Фахрӣ» бо иқдоми Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода аз чоп баромад. Дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон аз макотиби олӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Гулистон ширкат доштанд.

Муаллиф ҳамаи рухдоду воқеоти бо чашми хеш дидаашро дар китоби номбурда тасвир намудааст. Лаҳзаҳои гуногуни ба тасвир кашидашуда хонандаро ба худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, садоқат ба халқу Ватан ва ошкоркунии ҳақиқати ҳоли дар он солҳо рухдода ҳикоят мекунад. Асар ҷолибу хонданбоб мебошад. Аз ҷиҳати тарбиявӣ муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, ки он ҳамаи хонандагонро, новобаста ба синну сол  фарогир бошад.

Китоб ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон армуғони арзандаест баҳри хонандагони худ.

Рустамҷон ОЗИЗОДА

Add comment


Security code
Refresh