Дурахши Лоиқу Маҳмудҷон
- Details
- Published on Wednesday, 25 May 2016 14:30
Чанде пеш дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ –драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов шоми ёдбуд таҳти унвони “Дурахши Лоиқу Маҳмудҷон” баргузор гардид. Дар маҳфил мухлисони шеъри асил, дўстону пайвандон ҳамдиёрони ду нобиғаи адабиёту ҳунар ҷамъ омаданд.
Ҳамоиши фарҳангӣ бо намоиши моноспектакли “Ману дарё” аз рўи ашъори Лоиқ Шералӣ дар иҷрои ҳунарварони шинохта Аслам Каримов ва Сайёдхон Турсунова ҳусни оғоз ёфт.
Адибон Муҳаммад Субҳон, Муҳиддин Хоҷазод, Фарзона, Озарахш, ҷурналистон Ҷовиди Аштӣ, Илҳом Мадализода ва Рустамҷон Одизода роҷеъ ба хотироти хеш дар бораи Лоиқу Маҳмудҷон ибрози назар намуданд.
Ҳунармандони ансамблҳои “Нури Хуҷанд”ва “Садои Суғд” Муҳаммад Мирниёзов, Олим Маҳмудов, Олим Воҳидов, Анвар Қосимов, Сироҷиддин Худоймерганов ва Муҳиддин Ғозиев, ҳамчунин санъаткорони ноҳия Мақсуди Аштӣ, Фарҳодҷон Одизода бо таронаҳои худ аз ашъори Лоиқ Шералӣ табъи ҳузурдоштагони маҳфилро болида сохтанд.
Дар интиҳо, Раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ ҳозиринро барои иштирокашон хайрамақдам гуфта, ба ташаббускорони ин чорабинии басо зебову хотирмон изҳори сипос кард.
Рустамҷон ОДИЗОДА