Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бегоҳии рӯзи душанбе, 23 май дар Амфитеатри Қасри Арбоб чорабинии марказии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он беш аз 8 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва сипас Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ кулли ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Таъкид шуд, ки мардуми шарифи тоҷик соли ҷорӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихормандӣ ҷашн мегирад ва чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи миллат ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Раиси вилоят дар идома афзуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақом ва рисолати ҷавононро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузори он пайваста ёдовар шуда, дар ҳар суханрониву мулоқоти хеш ҷавононро ба корҳои созандагӣ даъват менамоянд.

- Воқеан, дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо, яке аз шартҳои асосии  ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Имрўз ҷавонон ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон шудааст - илова намуд, Раиси вилоят.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дастгирӣ ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон,  қарорҳои Раиси вилоят «Дар бораи  гузаронидани Спартакиадаи байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят», Фестивал-озмуни  «Фурӯғи ҷавонӣ» ва «Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» ба тасвиб расиданд, ки бевосита барои баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тақвият бахшидани фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстӣ, маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, таҳкими  истиқлолияту ободии Ватан равона карда шудаанд.

Раиси вилоят дар идомаи суханронии худ аз дастовардҳои насли ҷавон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар баробари фаъолнокӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва соҳибкорӣ хеле фаъолу муваффақ мебошанд.  Чунончӣ, омӯзиши маълумоти расмӣ нишон медиҳад, то 40 фоизи корхонаву коргоҳҳои навтаъсис аз ҷониби соҳибкорони ҷавон созмон ёфта, аз 170 корхонаву коргоҳи нави соли 2015 бунёдшуда 68 ададаш аз ҷониби соҳибкорони ҷавон сурат гирифтааст. Абдураҳмон Қодирӣ инчунин аз ҷалби ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ низ ёдовар шуд ва таъкид сохт, ки имрӯзҳо дар 152 марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ зиёда аз 1000 нафар ҷавондухтарон касби қолинбофӣ, адрасу атласбофиро аз худ менамоянд, ки ин амал барои бо ҷои кор таъмин гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дастовардҳои варзишии ҷавонон низ хеле назаррас буда, варзишгарони ҷавони вилоят дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 9 мусобиқаҳои сатҳи мухталифи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд. Аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён дар чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи дзюдо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон ҷойи аввалро ишғол намуда, сазовори медали тилло гардид, ки дар таърихи дзюдои тоҷик аввалин медали тилло мебошад. Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи классификатсионии осиёгӣ оид ба бокс дар Ҷумҳурии мардумии Чин ба медали биринҷӣ, Содиқхоҷа Исмоилов дар мусобиқаи осиёии литсензионӣ оид ба гӯштини тарзи озод, Мурод Тӯйчиев дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ,  Кристина ва Александр Прошниченкоҳо дар чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 100 адад ба 300 адад расидани теъдоди умумии стипендияҳои Президентӣ шаҳодати  таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти мамлакат ба ҷавонон буда, ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони мамлакат 75 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба гирифтани стипендияи Президентӣ ва 435 нафар ба дарёфти стипендияҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо шарафёб мегарданд.

Бо мақсади ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони донишгоҳҳо имсол низ бо қарори Раиси вилояти Суғд 100 адад стипендия таъсис дода шуд, ки маблағи умумии он ба 86 ҳазор сомонӣ баробар аст. Тибқи маълумотҳо дар даври вилоятии озмуни стипендияи Раиси вилоят беш аз 270 нафар довталабон - донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон ширкат варзиданд ва ба сад нафар ғолибони озмун Гувоҳнома ва маблағҳои пулии стипендияи Раиси вилоят супурда шуданд. 

- Имсол мо тасмим гирифтем, ки дар фасли тобистон 800 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, иштирокчиёни озмуну олимпидаҳо, сессияи вилоятиву ҷумҳуриявии  Академияи хурди илмҳо ва 200 нафар донишҷӯёни беҳтаринро ба истироҳати ройгон фаро бигирем - гуфт Раиси вилоят ва изҳори умед намуд, ки ҷавонон дар оянда низ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Сипас аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи калони фарҳангӣ пешниҳод карда шуд ва ҷавонон бо шукрона аз фазои орому осуда то дергоҳ шодмонӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh