Вуҷуди Лоиқ саршори номуси миллӣ буд

Дар давраи зиндагиву кори эҷодиаш устоди шодравон, шоири шаҳири миллат Лоиқ Шералӣ бо нафарони хеле зиёди касбу кори гуногун аҳди бародарӣ дошту то охирин лаҳзаҳои умраш дӯстиро  арҷгузорӣ мекард.

Миёни ин ҳамкасбону дўстону бародарон ва аҳли пайвандон Раҷабмаҳмад Шарифзода мақоми хоса дорад, ки бесабаб нест, зеро дўстиву бародархондагии онҳо ҳанўз аз давраи мактабхониву донишҷўӣ солҳои 50-ум ибтидо гирифтааст. Раҷабмаҳмад Шарифзода соли 1954 аз Кўҳистони Мастчоҳ ба шаҳри Панҷакент кўч баста, баъди хатми мактаби миёна чун Лоиқ Шералӣ ба Омўзишгоҳи омўзгории Панҷакент шомил мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои пурҷўшу хурўши зиндагиву эҷодӣ дўстиву бародарии эшонро рахнае набудаву танҳо ва танҳо вафодориву садоқат хос буд. Ҳамфикр буданду ҳамдил, ҳамандешаву ҳамроз.

Дар ростои зиндагӣ устод Лоиқ чун шоири соҳибистеъод ва баркамол дар ҷомеа шинохта шуда, мақоми манзалати абадӣ пайдо карда бошад, дўсти наздик қаринаш Раҷабмаҳмад Шарифзода низ пайраҳаҳои гуногуни пурпечутобро дар ҳаёт муваффақона тай ва монеаҳои басо сангинро бо сари баланду рўйи сурх паси сар кардааст. Солиёни дароз дар Ҳисору Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов чун омўзгор фарзандони мардумро  самимона, аз таҳти дил таълим доду тарбия додааст. Ҳамзамон солҳои дароз ба кори хоҷагӣ гузашта, дар рушди  соҳаи кишоварзии Мастчоҳ саҳм дорад. Дар ҳама ҳолат ў дўстдори шеъру мусиқӣ буда, ифтихор аз ашъори классикии ниёгон дораду доимӣ миёни хурду бузурги диёр мероси ниёгонро талқин мекунад. Маҳз бо талошҳои Раҷабмаҳмад Шарифзода охири солҳои замони шўравӣ дар ҷумҳурӣ, дар Мастчоҳ нахустин хоҷагӣ номи шоир Умари Хайёмро ба худ мегирад. Баъдан ба ифтихори 675 солагии Камоли Хуҷандӣ бо иқдоми мавсуф дар Кўҳистони Мастчоҳ ба хоҷагие номи ин шоири классикро мегузоранд. Дар ин рўзҳои баҳорон, ки диёри азизамон басо сарсабзу хуррам ва гулпўшӣ дораду мардуми кишвар ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 75 солагии шоири бузурги миллат омодагӣ дорад рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ бо ин марди шарифу фозил, сухангўву суханпараст, мусиқдону мусиқинавоз, дўсти наздики устод Лоиқ Шералӣ сўҳбате анҷом додааст, ки манзури шумо хонандагон мегардонем.

- Муаррифии Лоиқ аз мавқеъ ва нигоҳи шумо?

- Дар ҳамин рўзҳои баҳорӣ бо табиати сабзпўшу гулрез сўҳбат оростан аз рўзгору эҷоди як тан фарзанди фарзонаи миллат, шоири басо барҷаставу забардаст, соҳибназар, маъниназару беназир, устоди шодравон Лоиқ Шералӣ, ки худ зебопараст буд, басо гуворост. Агар умр вафо мекард, имсол ин шоири шаҳири миллат, дўсти ватанпарасти мо, ба 75-умин баҳори умр мерасид. Лоиқ баъди гузашти садҳо сол, амиқан баъди ҳазор сол тўҳфае буд ба миллати мо, ки вориси аслии одамушшуаро Абў-Абдулло Рўдакист. Ба эҷодиёти Лоиқ рў овардан, ин муҳаббат ба сухан, эътиқоду эътимод ба сухангустарон аст. Сарфи назар аз он ки аз гузашти устод 16 сол сипарӣ шудаасту ҷисман бо мо нест, вале ҳамарўза бештару беҳтар вирди забон асту дар хама маъракаҳо аз шеъри ў, аз худи ў ёд мекунанд ва сатрхои самимиву саршор аз меҳру муҳаббаташ дар хизмати миллат қарор дорад.

-Дар аёми донишҷўӣ дар Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент, ки бо ҳам таҳсил мекардед, то чӣ андоза Лоиқ аз худ истеъдоди шоирӣ нишон медод?

– То охирин лаҳзаҳои умри худ шукргузорӣ аз Худованд хоҳам кард, ки маро бо Лоиқ рў ба рў, ҳамдилу ҳамандеша ва ҳамроз гардонид. Бе ягон сохтакорӣ ва ҳангомасозӣ иқрор мешавам, ки ҳанўз аз давраҳои аввали таҳсил дар Омўзишгоҳи омўзгорӣ шарикдарсон, устодон дар симои ин писари кўҳистонӣ ҷўшу хурўши ҷавонӣ, туғёни ҳаяҷону эҳсосоти зебопарастӣ, илҳоми шеър гуфтанро мушоҳида мекарданд. Ин воқеият аст ва инро дигар шарикдарсонамон устодони имрўзи адабиёт Сорбону Абдунабӣ Сатторзода метавонанд тақвият бахшанд. Лоиқ сарфи назар дар як муҳити хонаводагии русто тарбия дидан дар ҳаёти шаҳрӣ худро ҳаргиз ноҳинҷор эҳсос намекард ва дорои ахлоқу басо ҳамида буду ибратомўз ба ҷавонони шаҳр.

Дар ҷараёни таҳсил басо фаъол буд, баҳсҳои дарсӣ ороста, аз устодон боисрор пурсиш ба амал меовард ва посухи воқеиро тақозо мекард. Ҳамин хислатҳои кунҷкобиаш ўро дар аксари дарсҳои адабиёт ба ғолибият мебурд. Лоиқ вуҷудашро ба адабиёт бахшида, таваҷҷўҳи қавӣ ба шеъру шоирӣ дошт. Дар он замон, дар омўзишгоҳ устоде доштем бо насаби Шарифов (мутаассифона, номашон дар ёд нест), худашон аз Исфара буда, аз ҷумлаи он устодоне маҳсуб меёфт, ки меҳру муҳаббати бепоёнро нисбат ба шеъру шоирӣ, мақому манзалати шеър дар қалби мо, донишҷўён, аз ҷумла Лоиқ, Абдунабӣ Сатторзода, Сорбон ва дигарон сабз намуданд. Сабақи муҳаббати беандоза ба адабиёт, шеърро маҳз аз ҳамин устоди некном бардоштаем.

Хусусияти фарқкунандаи дарси ин устод аз дигарон бо он ифода меёфт, ки дар ҷараёни дарс тафсиру шарҳи луғатро хеле зебо, амиқ, возеҳ ба ҷо меоварданд. Ташаккули калима-воҷаро бо тамоми паҳлўҳои воқеиву таърихи пайдоишашу ташаккулаш хеле зебову гуворо, хотирмон мефаҳмониданд. Тафсири як калима баъзан то 15-70 дақиқа вақтро мегирифт. Ин муҳити хуби эҷодӣ, олами фалсафӣ мо, ҷавононро ба ваҷд меовард. Ва беҳтарин дарс ба Лоиқ ана ҳамин дарси устод Шарифов буд.

-Шумо ҳамчуни шарикдарс ва дўст аввалин шеъри Лоиқро дар ёд доред?

- Лоиқ шеъри бисёр менавишту дар рўзномаи девории «Педагог»-и Омўзишгоҳ мудом чоп мешуд. Аммо он замон дар матбуоти даврии расмӣ ҳанўз шеъраш рўи чоп наомада буд.

Аввалин шеъри Лоиқ бо унвони «Ном» буд ва бори аввал дар кадоме аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шуда, Абдунабӣ Сатторов бо таҳлили ин шеър гуфта буд, ки дар сатрҳои ин шеър бўйи шеъри асилу шоирӣ меояд. Баъдан пайваста, дар ҳама рўзномаҳо шеърҳояш ба чоп расида, аз ҷониби хонандагон самимона пазируфта мешуданд.

Дўстии мо бо тамоми паҳлўҳояш дар ҳамин даргоҳи маърифат ташаккул ёфтаву ба аҳди бародарӣ расида.

Соли 1958 баъди хатми Омўзишгоҳи мазкур Лоиқ барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе (имрўза Донишгоҳи омўзгории ба номи устод Айнӣ) дохил шуду ман ду сол ба ҳайси омўзгор дар ноҳияи Пролетар (имрўз ноҳияи Ҷаббор Расулов) адои вазифа доштам. Аммо дар ин фосилаи вақт ҳам мо бо таври доимӣ аз ҳоли ҳамдигар, аз фаъолияти корӣ огоҳ мешудем. Пасон,  баъди ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин (ҳоло ДДМТ) дохил шудан пайраҳои ҳаёт боз моро бо ҳам пайваст.

Лоиқ хосияте дошт, ки назираш набуд. Ҳар он кореро, ки оғоз мебахшид, то ба охир мерасонид. Дар даврони донишҷўӣ низ ҳамеша мо бо ҳам будему сўҳбат доимӣ аз шеъру шоирӣ буд. То нафаси охирин дўстии мо пойдор мондааст бо устод Лоиқ.

Баъди хатми Донишкада Лоиқ дар идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор монду ман баҳри омўзгорӣ ба Ҳисор рафтам, пасон ба Мастчоҳ баргаштам. Вале доимӣ занг мезадему аз ҳоли ҳамдигар воқиф мегаштем. Лоиқ аз рўзнома ба маҷаллаи «Садои Шарқ» гузашт. Бо гузашти чанд муддати дигар бошад, ў муҳаррири «Садои Шарқ» таъин шуд. Ман дар хоҷагие котиби ташкилоти ҳизбӣ будам.

Муҳаббат нисбат ба дўстонаш самимиву беолоиш, беғаш, поку  беғаразона буд. Ҳар боре, ки тасмим ба сафари вилояти Суғд дошт дар тамос мешудему нақша мекашидем, ки куҷо бояд рафту чӣ бояд кард. Аз дидани манзараҳои дилфиребу афсонавии диёр ба ваҷд меомаду илҳом мегирифт. Боре, ин соли 1979 буд, аз Душанбе дархост кард, ки муштоқи тамошои манзараҳои Кўҳистони Мастчоҳ ҳаст ва ўро роҳбалад шавам.

Ў бо ҳамроҳи адибони дигар Ҳақназар Ғоиб, Ўрун Кўҳзод омаданду дар давоми даҳ рўз Кўҳистони Мастчоҳро сайр кардем. Қабл аз бозгашт устод Лоиқ дархост кард, ки аз қабри шоири халқӣ Юсуф Вафо, ки дар деҳаи Пастиғав қарор дорад, зиёрат кунему дар ҳаққаш дасти дуо бардорем. Мутаассифона, ҷустуҷўи мо бо роҳбалади аз деҳ таъиншуда аз мазори Юсуф Вафо натиҷа набахшид. Қабристон харобазор буду қабрҳо ҳама беному нишон. Устод Лоиқ нидо кард, ки : Ин чӣ ҳол аст, ки дар рўзи равшан қабри шоирро наёбӣ. Сипас, мо ҳамроҳ ба ноҳияи Айнӣ рафта, мақбараи Туғралро зиёрат карда Лоиқро ба Дуғанбе гусел кардем. Аз Душанбе устод Лоиқ ба котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Мастчоҳ Саидшариф Шарифов занг зада, вазъи қабри шоир халқӣ Юсуф Вафоро мефаҳмонад. Занги Лоиқ боис мегардаду дар муддати кўтоҳ мақбараи Юсуф Вафо  бунёд мешавад. Баъди панҷ сол Лоиқ бори дигар ба сафари Кўҳистони Мастчоҳ омада бо зиёрати қабри шоир изҳори шодмонӣ мекунад, яъне ҳар сафари Лоиқ ба минтақаҳо ба иди шеър, иди сухан мубаддал мегашт.

-Табиист, ки меҳвари асосии ҳама сўҳбатҳову вохўриҳо дар ҳама ҳолат нахуст шеъру шоирӣ, мақому манзалату рисолати аслии он буд?

- Бале, ҳамин тавр. Устод Лоиқ бо вуҷуди ҳамон қадар дақиқкориву огоҳӣ аз таъриху рўзгори мардум пешниҳоди солимро мепазируфт. Масалан, устод сатрҳое дошт:

Санге зи кўҳ беҷо шавад сад сангро вайрон кунад,

Марде чу номардӣ кунад сад мардро расво кунад.

Дар як сўҳбат, дар иртибот ба ин сатрҳо гуфтам, ки оё намешавад, ки гўем:

 Як санг агар беҷо шавад сад сангро беҷо кунад

Як мард агар номард шавад сад мардро расво кунад.

Устод бо шодмонӣ иброз дошт, ки ҳарду маънӣ якест, аммо пешниҳоди ту мушаххастару нишонрастар. Вақте  сухан аз шеъри Лоиқ меравад ҳама бо як овоз садо мекунем, ки Лоиқ зўр аст. Вале бузургии Лоиқро бо танҳо гуфтан не, балки бо хуб донистани шеъри ў собит бояд кард.

Ёрон, ёрон шумо маро медонед,

Аз дур фақат ба як назар медонед,

Донисти шумо фақат гумон асту хато

Зеро, ки шумо маро чу раҳгузар медонед.

Агар бо мардум бо забони шеъри Лоиқ дар муошират бошӣ, он гоҳ бузургии шоир, истеъдоди беназири ўро собит месозӣ. Бо вуҷуди ҳамин Лоиқ худро ҳамеша хоксор мегирифту мегуфт:

Дар ҳошияи китоби умрам,

Эй хома навис байти охир.

Ў шоири нодире набуд, лек

Дилбохта мурд мисоли шоир.

-Орияти миллӣ ва Лоиқ, дар иртибот ба ин маънӣ чӣ андеша доред?

-Ба ифодаи халқӣ исту бисти Лоиқ орият буду нангу номуси миллӣ. Ва инро аз нахустин сатрҳои шоир мушоҳида кардан мумкин аст. Саропо ашъори Лоиқ саршор аз рўҳияи миллӣ, ватандориву  ватанпарастист.

Ў мудом такрор ба такрор мегуфт:

Таърих басо дида, ки андар раҳи паймон,

Тоҷик даме пеши адў сар нафикандааст,

Ҷон канда басо лек,

Зи андешаи пирўзи худ умед накандааст.

  Шодравон Лоиқ  муҳаббати басо самимӣ нисбат ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дошт ва бовариву эътимод дошт, ки таҳти сарварии ин фарзона фарзанди миллат кишвар обод хоҳад шуду мардумаш осудаву осоишта. Агар дар ёд дошта бошед, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, вақте  аз зинаҳои тайёра Сарвари давлати Тоҷикистон поин фаромаду мардум истиқболаш гирифтанд, устод Лоиқ Эмомалӣ Раҳмонро ба оғӯш гирфта як чанбари гулдастаи бузургро ба гардани Ў овехта гуфта буд:

Ҷанги девонавори мо рафт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

 Лоиқ дар симои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди Исмоили Сомонӣ воқеан ҳам, наҷотбахши милат ва давлати Тоҷикистонро дида буд ва ба ин эътимод дошт.

Ҷовиди АШТӣ

Матолиб акс дорад: а) Лоиқ бо Раҷабмаҳмад Шарифзода,б) Раҷабмаҳмад Шарифзода

Add comment


Security code
Refresh