Зарурати азнав барқарор ва ҷиҳозонидаи Осорхонаи шаҳри Хуҷанд

Омӯзиши илмии осори бостонии Қалъаи шаҳр ва маҳаллаҳои таърихии он соли 1954, бо ташаббуси устод Н.Неъматов оғоз ёфт ва ин марҳала соли 1976 ба итмом расида, соли 1986 бо ҷашнгирифтани 2500-солагии таъсиси шаҳри Хуҷанд анҷомид. Соли 1974 бостоншиносон Н.Неъматов, Т.В.Беляева, А.И.Билолов, Н.Т.Раҳимов, А.Мирбобоев, С.Ш.Марофиев, М.Файзуллоев аз самти шарқии Қалъаи Хуҷанд девори қадимаи 4-метр дарозӣ ва 2-метр баландӣ доштаро дарёфт карданд, ки ба асри VIII-VI –то мелод тааллуқ дорад.

Дар натиҷаи тадқиқоти тӯлонӣ, ки он соли 1954 ибтидо гирифта ва танҳо, соли 2004 ба поён расид, бостоншиносон аз ҳудуди худи шаҳр, масоҳати дохилии қалъа ва кӯҳандизи шаҳр осори сершумори маданияти моддиро пайдо намудаанд, ки академик Нӯъмон Неъматов-яке аз ташаббускорони босуботи таҳқиқи таърихи қадимтарини Хуҷанд, онро ба се давраи калони таърихӣ, яъне асрҳои Х-IV то милод ҷудо намуда ва ба ҳамин минвол таърихи зиёда аз 3000-сола доштани шаҳри Хуҷандро собит намуд.

Маҳз бо ташабуси академик Н.Неъматов дар арафаи ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Ленинобод 27-уми ноябри соли 1986  дар шафати девори шарқии қалъа осорхонаи аввалини бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ташкил шуда буд, ки дар толорҳои намоишиаш бештар он бозёфтҳое, ки ҳангоми гузаронидани ҳафриёт дар Қалъаи Хуҷанд ба даст омада буд, ба намоиш гузошта шуда буд.

Тазаккур бояд намуд, ки бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2014 боғи истироҳатӣ ва фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ карда шуда, Маҷмааи фарҳангӣ-таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода шуд, ки дар ҳудуди он, якчанд мавзеъҳои хусусияти меъморӣ-таърихӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва экологӣ дошта ба монанди Қалъаи Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Муҷассама, мақбара, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардид.

Зарурати аз нав барқарор ва ҷиҳозонидани осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот дар он буд, ки бинои осорхона ниҳоят фарсуда шуда, экспозитсияи толорҳои намоишии он ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин вазифае ба миён омад, ки бинои осорхонаро таъмир намуда, экспозитсияи толори намоиши онро ба таври замонавӣ аз нав барқарор намоем ва ҳуҷҷатҳову маводи бостоншиносони маъруфе, ки дар ин мавзеъ фаъолият намудаанд, ба маърази тамошо гузорем. Бо ин мақсад нақшаи мавзӯии экспозитсияи намоиши аз нав таҳия шуда, барои баррасӣ ба Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳод гардид ва тасдиқи худро ёфт.

ҳоло осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот аз чунин бахшҳо иборатаст. Муаллифони кашфиёти археологӣ, «Бозёфтҳои археологии ҳазорсолаи якуми то мелод ва баъди мелод», «Хуҷанди асримиёнаги», «Хуҷанд- асрҳои ХVIII-ХХ», «Лаҳзаи ҷашнгирии 2500-солагии Ленинобод» мебошад. Инчунин дар толорҳои намоишии осорхона осори моддии ниёгонамон, аз ҷумла сангҳои сари қабр, лавҳаҳои катибадор ва амсилаи бинои таърихии маъмурии Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷанд ба намоиш гузошта мешавад.

Мо бо бовари комил гуфта метавонам, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва

истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, ки як ҷузъи маҷмаа ба ҳисоб меравад, дар оянда барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.

Мутриба МАМАДҶОНОВА,
ходими илмии Осорхонаи
таърихии вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh