Музейшинос

Бо пешниҳоди ҷомеаи меҳнатии Осорхонаи таърихии вилоят ва қарори Раиси вилояти Суғд, ки ба истиқболи 90-солагии таъсисёбии ин махзани фарҳанг ба тасвиб расида буд, камина ба Кумитаи тадорукоти ҷашн шомил гаштаму ба зиммаам ҳамроҳи профессор Назирҷон Турсунов ва дотсент Муҳиддин Файзуллоев ҷамъоварии мавод доир ба таърихи осорхона аз бойгониҳо,  шахсони алоҳида ва манбаъҳои дигар ҳамчун вазифа гузошта шуд. 

Бо мақсади дарёфти маълумот қарор додам, ки рӯзномаҳои вилоятиро ҳам аз назар гузаронам. Хушбахтона, дар шумораҳои 18 майи соли 1978 ҳар ду газетаи вилоятӣ, яъне «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда»  мақолаҳои директори ҳамонвақтаи музей, шодравон Саидҷон Марофиевро таҳти унвони «Беҳбудии кори музей – талаботи замон» ва «Сокровиғе кулҳтурқ – народу»  пайдо  намуда, лозим шуморидам,  мундариҷаи онҳоро ба хотири посдории хотираи ёдбуди ин фидоии илм, бостоншиноси шинохта, дилбохтаи шаҳри Хуҷанду мардуми он ба диққати ҳаводорони таъриху ихлосмандони ин марди фозил расонам.

Таҳти роҳбарии сарвари вақти осорхона Саидҷон Марофиев фаъолияти кормандони осорхона бахшида  ба илми осорхонашиносӣ хеле ҷоннок карда шуд.

Устод Марофиев худ дар мақолааш бахшида ба ин ҷашн бо қаноатмандӣ қайд менамояд, ки рӯзи 18 май иди касбии онҳоест, ки дар кулли манотиқи олам  ёдгориҳои таърихӣ ва маданиро ҳифзу обод  ва тарғиб мекунанд. 

Мо, кормандони музеи вилоятӣ дар хотир дорем, ки он сол идкунии Рӯзи байналхалқии музейҳо зери шиори «Музейҳо – воситаи муҳими табодули фарҳангӣ, ғанигардонии маданият, рушди тафоҳуму ҳамкорӣ ва сулҳи  байналхалқӣ» сурат гирифта буд.

Аз рӯи маълумоти муаллифи мақолаҳо маълум мешавад, ки ҳамон замон дар вилоят 11 осорхонаи давлатию ҷамъиятии сатҳ ва самти фаъолияташон гуногун (таърихии кишваршиносӣ, академӣ, идоравӣ, ёдгорӣ, хона-музейҳо) амал мекардаанд ва Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилоят чун пешсафи онҳо вазифаҳои худро ҳамчун муассисаи маданӣ - равшаннамоӣ сарбаландона адо менамуд.

Саид Шарифович дар мақолаҳо боифтихор осорхонаро чун яке аз аввалин ва машҳуртарин музейҳои Осиёи Миёна   номбар намудааст

Саид Шарифович қатъиян муқобили ба солҳои 1931-1932 нисбат додани санаи таъсисёбии музей буданд. Он солҳоро замони барасмиятдарории ин маскан медонистанд. Ин андешаи эшон заминаи таърихию ҳуқуқӣ дорад, зеро, чӣ хеле  ки  маълум аст, то соли 1929 Округи Хуҷанд дар ҳайати Ҷумҳурии ӯзбекистон буд. Аз оғози солҳои 30-юми асри гузашта бо ҳамроҳшавии ин округ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирию расмигардонии кулли муассисаҳо, корхонаву ташкилот сурат гирифт ва ҳамаи онҳо аз нав номнавис шуданд ва бо «дасти сабук»-у, саҳлангоронаи касе аз қаламбадастон дар таърихи  таъсисёбӣ иштибоҳ ворид гардидааст.

Аз таърих маълум аст, ки тирамоҳи соли 1931 иштирокчиёни анҷумани якуми геологии Қаромазор дар Хуҷанд А.Е.Ферсман, Д.И.Ғербаков, Б.Н.Наследов ва дигарон намунаҳои бозёфтҳои геологиро ҳамроҳи баъзе маводҳои анҷуман ба музей супориданд. Акнун худ қазоват кунед: таърих мегӯяд, ки бозёфтҳои геологӣ  ва маводҳо ба музей, яъне ба музеи мавҷуда супорида шуданд, на ин ки дар заминаи ҳамин ашёҳо музей ташкил ёфт.

Дар мақолаҳои зикргардида директори музей онҳоеро, ки дар рушди ин боргоҳи фарҳангӣ саҳм гузоштаанд, ёдовар мешаванд.

Муаллиф корҳои назариявию амалии  музейро номбар намуда, қайд намудааст, ки соли 1977 Шӯрои илмии музей «чунин проблемаҳои илмӣ, ба монанди таърихи музейҳо ва кори музейшиносӣ дар Тоҷикистон, муҳофизат ва тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва мадании республика ва истифодаи онҳо дар тарбияи коммунистӣ, муҳофизати табиат ва боигариҳои табиӣ ва истифодаи онҳо, проблемаҳои туризм, экскурсия ва саёҳатҳо дар Тоҷикистон, кишваршиносии таърихӣ тасдиқ карда шуданд, ки характери комплексӣ доранду (иҷрояшон - ишора аз мо) дар панҷсолаи даҳум ва ёздаҳум ба нақша гирифта шудаанд. Проблемаҳои номбаршуда аз ҷониби кормандони музей дар ҳамкорӣ бо олимони Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳқиқ мешаванд».

Табиист, ки амалӣ намудани чунин фаъолияти доманадори кори осорхона ва осорхонашиносӣ бе робитаи самаранок бо марказҳои илмӣ-тадқиқотии осорхонашиносӣ ва илмии академӣ имконнопазир буд ва кормандони музей дар экспедитсияҳои бостоншиносию (археология) мардумшиносии  (этнография) Паҷӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ҳатто Донишгоҳи давлатии Москва ширкат меварзиданд, аз корҳои саҳроӣ бо экспонатҳои нав бармегаштанд. Дар мақолаҳо омадааст, ки фақат дар ҳамон соли ҳисоботии 1977-ум 631 экспонат гирд оварда шуда, теъдоди умумии онҳо ба 11 ҳазор расидааст.

Ногуфта намонад, ки ҳамон солҳо дар назди музей курси тайёр намудани роҳбаладони сайру саёҳат (экскурсовод) бо 256 соати таълимӣ  амал мекард. Аз ҳисоботи соли 1977 маълум мегардад, ки ҳамон сол дар экспозитсияҳои музей ва ҷойҳои таърихии шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза ) 685 экскурсияи умумӣ ва  125 экскурсияи мавзӯӣ гузаронида шуда, 100 ҳазор тамошобин ба ин даргоҳ ташриф овардааст.

Дар мақолаҳо дар бораи кор бо маводи  фонд, азнавсозии экспозитсияҳо, ташкили намоишгоҳҳои доимӣ дар музей ва  сайёр дар шаҳру навоҳӣ, кӯмак ба бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ маълумотҳо дода шудааст.

Зимнан маълумотҳое, ки дар ду мақолаи собиқ директори Осорхонаи таърихии вилоят, номзади илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров  Саид Шарифович Марофиев баён гардидаанд, барои омӯзиши таърихи музей ва музейшиносӣ дар вилоят хизмат менамоянд.

Абдуҳаким Шарифов

Add comment


Security code
Refresh