Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар партави раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати фарҳангофар муаррифӣ гардидааст. Дар бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи мо - Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ ноил гардид.

Сиёсати фарҳангсози Сарвари давлат барои мардуми шарифи вилояти Суғд эҳёи тамаддун ва мероси гаронбаҳои ниёгонро ба армуғон овард, ки ба истифода додани бинои нави Осорхонаи таърихии вилоят яке аз натиҷаҳои ин иқдоми муборак мебошад.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик фароҳам оварда шудааст. Ин осорхона оинаест, ки дар он таъриху тамаддуни куҳани миллати азизи мо инъикос ёфтааст.

Алҳол, ин осорхона дорои беш аз дувоздаҳ ҳазор нигораҳои нодир мебошад. Осорхонаи мазкур барои мардуми бошарафи вилояти Суғд ва ҳамаи ҳамватанону меҳмонони арҷманд ҳамчун таҷассумгари асолати миллати тоҷик хидмат менамояд.

Осорхонаҳо дар ҷомеаи имрӯза яке аз марказҳои асосии таърихӣ-фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, мавқеи онҳо рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст. Осорхона метавонад, барои ҳар фарди миллат, алалхусус меҳмонони хориҷӣ дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзи неки тоҷиконро бозгӯ намояд.

Бояд таъкид намуд, ки мақсади асосии мо аз рӯй овардан ба таърихи куҳани аҷдодӣ, ҳидоят намудани насли имрӯзу фардои тоҷик ба хештаншиносиву худогоҳии миллист. Зеро танҳо шахсе метавонад, дар ободии Ватани худ бикӯшад, ки аз таъриху фарҳанги миллати хеш огоҳӣ дошта бошад.

Итминон дорем, Осорхонаи таърихии вилоят, ки 90-солагии худро ҷашн мегирад, дар ин амр нақши босазо мегузорад ва дар инъикосу тарғиби ғояҳои миллии кишвари мо хидматҳои назаррасро анҷом медиҳад.

Add comment


Security code
Refresh